img
БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:

То муҳлати ниҳоии қонунигардонии будубош дар Россия 19 рӯз боқӣ мондааст. Ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ расонида мешавад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия ҳамагӣ 19 рӯз боқӣ мондааст.

 

Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат вобаста ба минтақаи ҷойи зист ба шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред.

 

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандон имкон доранд, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

 

Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44,

шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

 

12.04.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ