Имрӯз дар меҳмонхонаи "Румӣ" бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин ва намояндагони Ташкилоти байналмиллали меҳнат, вазорату идораҳои дахлдор ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар Тоҷикистон семинари омӯзишӣ “Дар бораи ҷанбаҳои амалии гузаронидани арзёбии фаврии меҳнати кӯдакон” оғоз гардид, ки дар назар аст рӯзҳои 27 ва 30 декабри соли 2024 идома ёбад.
Дар семинари мазкур баррасии як қатор мавзуъҳои вобаста ба гузаронидани арзёбии меҳнати кудакон дар назар дошта шудааст.