Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 6-8 майи соли ҷорӣ гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Каримзода Насимҷон ба ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш сафар намуданд. Нахуст гуруҳи корӣ аз минтақаҳои бар асари заминларза осебдида дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод аз наздик шинос гардида, бо аҳолии маҳалӣ суҳбат намуданд.
Дар мулоқотҳо бо сокинони зарардида муовини якуми вазир таъкид дошт, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои аввалин ба мардуми зарардида таҳти назорати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамаи зарардидагони офати табиӣ аз кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра бардошта, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ғамхориҳо изҳори сипос намуданд.
Қобили қайд аст, ки тибқи дастурҳои Пешвои миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод баъд аз дастрас гардидани масолеҳи сохтмонӣ якҷо бо аҳолӣ ва шахсони саховатпешаву ватандӯсти мамлакат барои ба тариқи ҳашар ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии хонаҳои вайроншуда тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Дар ин росто сохторҳои вазорат дар маҳал масъул гардида, дар таъмини қувваи корӣ саҳм гузошта истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз фаъолияти сохторҳои вазорат дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш аз наздик шинос гардид. Дар маҷмуъ сафари гурӯҳи корӣ муайян намуд, ки барои пешрафти назарраси соҳа дар сатҳи маҳал таъмини мутахассисони соҳибтаҷриба, ташкили инфрасохтори муосир ва ташкили имкониятҳои муносиби хизматрасонӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Новобаста аз масъалаҳои ҷойдошта дар фаъолияти сохторҳои вазорат дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш гурӯҳи корӣ ба масъулини мақомот ва сохторҳои вазорат маслиҳат ва тавсияҳои мушаххас доданд.