Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат – ин риоя накардани талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба муҳлати муқарраршуда вобаста ба пардохти музди меҳнат ба ҳисоб меравад, ки масъалаи мазкур ба системаи пардохти музди меҳнат алоқамандӣ дорад. Системаи пардохти музди меҳнати корманд ҳамаи маблағи пардохтҳоеро дар бар мегирад, ки он бояд ба корманд дар ҳаҷм ва муҳлати муайян пардохт карда шавад. Ҳамзамон, қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат на танҳо дар вақти муқараргардида пардохт накардани музди меҳнат, иловапулиҳо, чубронпулӣ барои шароити меҳнат, пардохти рухсатиҳо ва дигар пардохтҳои бо қонунгузорӣ муқарраршуда, балки пардохти саривақтӣ, вале дар ҳаҷми нопурра ва ё кам пардохт намудани пардохтҳои ба музди меҳнат алоқаманд ин қарздории музди меҳнат ба ҳисоб меравад.
Тибқи талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат (қ.1 м. 158 КМҶТ) музди меҳнат дар як моҳ ду маротиба пардохт карда мешавад ва бояд байни ҳар як пардохт муҳлатҳои якхеларо дар бар гирад. Санаҳои мушаххаси пардохти маблағҳои пулӣ дар қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидааст. Тибқи талаботи Кодекси меҳнат муҳлати пардохти музди меҳнатро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии дохилӣ муқаррар менамоянд. Бинобар ин рӯзҳои мушаххаси пардохти музди меҳнат бояд дар санади дохилии корфармо ба танзим дароварда шуда, ба саҳми кормандон расонида шавад. Агар санаи пардохти музди меҳнати кормандон ба рӯзҳои ид ё истироҳат рост ояд, корфармо бояд музди меҳнатро як рӯз қабл аз ин рӯзҳо пардохт намояд.
Дар сурати дар рӯзи муқарраргардида пардохт нагардидани музди меҳнат, пардохт батаъхирафтода ҳисобида мешавад ва дар асоси талаботи қисми 5 моддаи 158 Кодекси меҳнат корфармо уҳдадор аст, ба андозаи фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ пардохт намояд. Саривақт пардохт накардани музди меҳнат ва ё қарздорӣ аз музди меҳнат, вайрон намудан ва риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ҳисобида шуда, барои чунин кирдор андешидани чораҳои зерин пешбинӣ гардидааст.
1) ҷазои интизомӣ ба корфармо ҳамчунин ба намояндагони мансабдори корфармо, ки ба қарздории музди меҳнат роҳ додаанд ва қоидаҳои пардохти музди меҳнатро вайрон намудаанд;
2) ҷазои моддӣ – дар намуди фоизи баҳраи бонкӣ барои ҳар рӯзи ба таъхирандозии пардохти музди меҳнат;
3) ҷазои маъмурӣ – дар ҳолати исботи худро ёфтани гуноҳи корфармо ва ё намояндаи он;
4) ҷазои ҷиноятӣ –дар ҳолати қасдан ва ё аз рӯйи хусумат пардохт накардан аз ҷониби шахсони мансабдор.
Яке аз вазифаҳои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар асоси муқаррароти сархати 9 банди 5 Низомномаи Хадамот ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнати шаҳрвандони дар муносибатҳои меҳнатӣ қарордошта ба шумор рафта, ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои ба он вогузошташуда, Хадамот назорати иҷрои талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият анҷом медиҳад ва барои таъмини талаботи қонунгузории зикргардида дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Саривақт пардохт нагардидани музди меҳнат барои кори иҷрошуда ва ё барои бекористӣ, бе гуноҳи корманд пардохт нагардидани музди меҳнат, маҳдуд намудани ҳуқуқҳои корманд ҳисобида шуда, хилофи муқаррароти моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи моддаҳои 18, 33, 37, 40, 117, 140, 158 Кодекси меҳнати ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин маврид корфармо ҷавобгарӣ ва масъулияти бо қонунгузорӣ муқарраршударо дорад. Масъалаи рӯ ба рӯ гардидани ташкилоту корхонаҳо ба пайдоиши душвориҳои дорои хусусияти истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ва ё ташкилӣ бояд ба афзоиши қарздории музди меҳнати кормандон алоқамандӣ надошта бошад, дар чунин маврид тартиби ба танзим даровардани он дар қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас пешбинӣ гардида, дар мавридҳои ба чунин ҳолатҳо дучор гардидан, танҳо истифода аз муқаррароти қонунгузории соҳаи меҳнат афзоиши қарздории музди меҳнатро нигоҳ дошта, ба таъмини ҳуқуқу кафолатҳои кормандон мусоидат менамояд.
Талаботи моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки корфармо сарфи назар аз вазъи молиявияш, уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо саривақт пардохт намояд. Илова бар ин, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон кафолати давлатӣ дошта, низоми кафолатҳои давлатии дар моддаи 141 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба кормандоне, ки бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд,тааллуқ доранд.
Яке аз кафолатҳои дар муқаррароти моддаи зикргардида пешбинишуда ин назорати давлатии пардохти пурраи саривақтии музди меҳнат ва амалӣ намудани кафолатҳои давлатӣ оид ба қисмати андозаи он буда, тибқи сархати 11 моддаи 141 Кодекси мазкур ба корфармо барои вайрон кардани шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаи коллективӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 22 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқҳои баробар мебошанд. Дар мазмуни шартномаи меҳнатӣ, ки тартиби таҳияи он дар муқаррароти моддаи 24 Кодекси меҳнат ба танзим дароварда шудааст, шартҳое дарҷ гардидаанд, ки фарогири пурраи ҳуқуқу кафолатҳо нисбати кормандон ва корфармо мебошад.
Аз ҷумла, дар сархати 9 қисми 2 низом ва реҷаи вақти корӣ, дар сархати 11 қисми мазкур андозаи музди меҳнат ва дигар шартҳои пардохти музди меҳнат, дар сархати 14 ҳамин қисм кафолат, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо ва дар сархати 16 қисми 2 моддаи зикргардида ҷавобгарии тарафҳо муқаррар ва пешбинӣ гардида, тибқи муқаррароти моддаи 11 Кодекси меҳнат муносибатҳои меҳнатӣ бо шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаи коллективӣ ба танзим дароварда мешавад.
Дар асоси талаботи сархати 5, қисми 2 моддаи 19 Кодекси меҳнат корфармо уҳдадор карда шудааст, ки сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ба корманд музди меҳнат ва дигар иловапулиҳоро, ки Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаи коллективӣ пешбинӣ намудаанд, пардохт намояд. Саривақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт накардани музди меҳнати корманд иҷро накардани шартҳои шартномаи коллективӣ ва шартномаи меҳнатӣ маҳсуб ёфта, ба корфармо барои чунин кирдор дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарии маъмурӣ (аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) пешбинӣ гардидааст.
Кафолатҳои давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнат, ки дар қисми 1 моддаи 141 Кодекси меҳнат пешбинӣ гардидаанд ба ҳама кормандоне, ки бо корфармоён дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, таалуқ дошта, давлат барои кори амалан иҷрошуда музди меҳнати мувофиқро кафолат додааст, ки бояд аз ҷониби корфармоён нисбати кормандон таъмин карда шавад. Бо назардошти гуфтаҳои боло корфармо ҳуқуқ надорад дучоршавии корхонаву ташкилотро ба мушкилиҳои истеҳсолию иқтисодӣ ва ташкилӣ сабаби ба таъхир андохтани музди меҳнати кормандон дониста, бе доштани сарчашмаҳои пардохти музди меҳнат кормандонро ба кор ҷалб намояд.
Новобаста аз назорату санҷишҳои Хадамот, додани дастуру супоришҳо оид ба саривақт пардохтани музди меҳнати кормандон, таҳияи санаду амрномаҳои иҷроишашон ҳатмӣ, андешидани чораҳои маъмурӣ дар доираи ваколати муқарраршуда, расонидан ва фаҳмондадиҳии талаботи қонунгузорӣ баъзе аз ташкилоту корхонаҳо бо далелҳои беасос ба қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат роҳ дода, ҳуқуқу кафолатҳои кормандонро дар самти пардохти саривақтии музди меҳнат таъмин накардаанд. Тибқи талаботи сархати 42 моддаи 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуми муносибатҳои меҳнатӣ – ин муносибаҳое мебошанд, ки байни корманд ва корфармо, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаи коллективӣ ба вуҷуд меоянд.
Бо назардошти талаботи сархати 6 моддаи 4 Кодекси меҳнат яке аз принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ин таъмини ҳуқуқ ба музди мувофиқ барои меҳнат, на камтар аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат мебошад. Тибқи муқаррароти моддаи 12 Кодекси меҳнат танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманд бо истифода аз ду усул сурат мегирад. Усули якум ин усули танзими қонунӣ ва усули дуюм ин танзими шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ мебошад.
Усули шарномавии муносибатҳои меҳнатӣ дар навбати худ ба ду усул тақсим мешавад, якум усули коллективӣ- шартномавӣ ва усули фардӣ – шартномавӣ.
Танзими қонунии муносибатҳои меҳнатӣ ба воситаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти марказӣ ва иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба амал бароварда шуда, танзими шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси созишнома, шартномаҳои коллективӣ ва шарномаҳои меҳнатӣ амалӣ карда мешавад. Ҳадаф аз танзими қонунии муносибатҳои зикргардида ин муқаррар намудани сатҳи ҳадди ақали ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатӣ мебошад. Вазифаи танзими шартномавӣ бошад тафсилу мушаххасгардонии ҳуқуқу кафолатҳои барои кормандон муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва аз ҳама муҳимтар муқаррар намудани ҳуқуқу кафолатҳои наву иловагии меҳнатӣ мебошад.
Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ дар муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 20 - 26, 29, 39 - 49, 51, 55 - 56, 72, 75 - 77, 102, 112, 116 - 117, 139, 154, 156 - 158, 166, 173, 177 - 178, 183, 190, 228 - 230, 233, 243, 245 - 246, 360 ва ғайра пешбинигардида, ба таъмини ҳуқуқу кафолатҳои шахсони дар муносибатҳои меҳнатӣ қарордошта, равона гардидааст. Дар ин маврид ду шарту талаботи ногузир ва доимӣ ҷой дорад, ки риояи бечунучарои онҳо ҳангоми дар созишномаҳо ва шарномаҳо пешбинӣ намудани муқаррарот дар хусуси ҳуқуқу кафолатҳои иловагӣ барои кормандон ҳатмист. Якум мутобиқати пурраи онҳо ба муқаррарот ва меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи авлотари ҳуқуқидошта ва дуюм тавассути шарту муқаррароти навин ва иловагии созишномаҳо, шарномаи коллективӣ ва меҳнатӣ беҳтар намудани вазъи кормандон дар қиёс ба меъёру муқаррароти санадҳои қувваи авлотари ҳуқуқидошта.
Дар сурати риоя нашудани ин ду талабот, шартҳо ва муқаррароти созишнома, шартномаи коллективӣ ва меҳнатӣ беэътибор дониста шуда, татбиқи онҳо манъ карда мешавад. Муносибатҳои меҳнатӣ дар баробари Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба танзим дароварда мешаванд. Яъне баъд аз таҳия, тасдиқ ва ба имзо расидани санадҳои зикргардида санадҳои мазкур эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуда, иҷрои талаботи онҳо барои тарафҳо ҳатмӣ мегардад. Агар муқаррароти санадҳои зикргардида дар муқоиса бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазъи ҳуқуқии кормандонро таъмин насозанд, эътибор надоранд ва татбиқ намегарданд.
Муносибатҳои меҳнатӣ байни корманд ва корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд. Яке аз ҳуқуқҳои корманд ин саривақт ва дар ҳаҷми пурра гирифтани музди меҳнат тибқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаи коллективӣ мебошад. Ҳамзамон, корманд ба пардохти музди меҳнат ҳангоми бекористӣ бе гуноҳи корманд ҳуқуқ дошта, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корманд бо ҳама воситаҳои ба қонунгузорӣ мухолифатнадошта ҳифз карда мешавад. Тибқи сархати 2, қисми 2 моддаи 19 Кодекси меҳнат корфармо уҳдадор гардидааст, ки ҳангоми қабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шартномаи меҳнатӣ бандад ва шартҳои шартномаи меҳнатиро иҷро намояд, ки яке аз ин шартҳо дар ҳаҷми пурра ва пардохти саривақтии музди меҳнат мебошад.
Барои таъмини шафофияти шартҳои шартномаи меҳнатӣ бо назардошти талаботи моддаи 26 Кодекси меҳнат шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, дар ду нусха тартиб дода мешавад ва аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Шакли аслӣ ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби тарафҳо маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Тибқи муқаррароти моддаи 32 Кодекси меҳнат ҳангоми бекористӣ кормандон бо назардошти ихтисос ва дараҷаи касбиашон дар тамоми давраи бекористӣ ба кори дигар гузаронида мешаванд. Дар ҳамин давра, агар ба кори каммузд гузаронида шаванд, музди миёнаи меҳнат дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи меҳнат (дар сатҳи корхона, ташкилот) нигоҳ дошта мешавад. Танҳо ҳангоми рад намудани корманд аз давом додани кор вобаста ба тағйир ёфтани шароити меҳнат шартномаи меҳнатӣ бо асосҳои умумӣ қатъ карда мешавад.
Дар ҳамин радиф дар асоси талаботи моддаи 33 Кодекси меҳнат агар ташкилот душвориҳои дорои хусусияти истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро пешбинӣ намояд, дар ин ҳолат корфармо танҳо бо розигии намояндагони кормандон кори воҳидҳои алоҳидаро бе гузаронидани ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан бозмедорад. Муваққатан боз доштани ташкилот ҳамчун бекористӣ бе гуноҳи кормандон ҳисобида шуда, ба кормандон ба андозаи музди маоши моҳона музд дода мешавад.
Дар Кодекси меҳнат муваққатан боздоштани кор бе додани музди бекористӣ манъ карда шудааст. Бо назардошти муқаррароти моддаи 37 Кодекси меҳнат ҷиҳати пешгирии азкорозодкунии оммавии кормандон ҳангоми таҳдиди хавфи аз корозодкунии кормандон корфармо уҳдадор аст, бо розигии намояндагони кормандон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои махсуси зеринро роҳандозӣ намояд, аз ҷумла:
-маҳдуд ё муваққатан қатъ намудани қабули кормандони нав, озод намудани кормандоне, ки дар ду ҷой кор кор мекунанд;
- маҳдуд намудани иҷрои корҳои зиёдатӣ аз вақти муқаррарӣ;
- тағйир додани шароити меҳнат тибқи қисми 4 моддаи 31 Кодекси меҳнат;
- муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) тибқи талаботи моддаи 33 Кодекси меҳнат;
- давра ба давра озод намудани кормандон ва андешидани дигар чораҳои дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинигардида. Ҷиҳати пешгирии хавфи аз кор озодшавии кормандон корфармо уҳдадор аст чораҳои махсуси пешгиркунандаро пешбинӣ намуда, ба мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иттилоот пешниҳод намояд. Барои пешгирии хавфи азкорозодкунии оммавии кормандон корфармо метавонад реҷаи вақти кории нопурраро низ муқаррар намояд.
Барои пешгирии аз кор озод намудани кормандон маҷмуи чорабиниҳо аз қабили кутоҳ кардани вақти корӣ, ташкили бозомӯзӣ, бозомодагии касбӣ, такмили ихтисоси кормандон, катъи қабули кормандони нав, давра ба давра озод намудани кормандон ва ғайра дар шартномаи коллективӣ бояд пешбинӣ карда шуда, дар ҷараёни фаъолият масъалаҳои зикргардида бо кормандон шинос карда шаванд. Бояд ёдовар шуд, ки дар субъектҳои аз пардохти музди меҳнат қарздор масъалаҳои мазкур дар шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён дар вақти таҳияи ин санадҳо пешакӣ пешбинӣ нагардида, оид ба амал омадани чунин вазъият қаблан чораандешӣ нагардидааст, ки ҳалли масъала минбаъд танзими худро наёфта, масъулияти он ба души корфармо ва масъулини идоракунандаи ташкилот мебошад.
Шартномаи коллективӣ бошад санади ҳуқуқиест, ки дар ташкилот муносибатҳои иҷтимоӣ - меҳнатиро ба танзим медарорад. Баъди ба имзо расидани он шартнома эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуда, иҷрои муқаррароти он барои кормандон ва корфармо ҳатмӣ мегардад. Мазмуни муқаррагардидаи шартномаи коллективӣ фарогири тамоми ҳуқуқу кафолатҳо нисбати кормандон буда, тибқи сархати 9 қисми 1 моддаи 309 бояд тартиби ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ, ташкилӣ, (ташкили кор, барҳам додани ташкилот, пурра ё қисман аз кор мондани истеҳсолот) дар шартномаи коллективӣ пешбинӣ гардида, дар ҳолати дучоршавӣ ба чунин ҳолат тибқи тартиби муқарраргардида бояд ҳаллу фасли худро ёбад.
Масъалаи мазкур аз мадди назари баъзе аз корфармоён дур монда, шартномаҳои коллективӣ ё баста нашудаанд ё дар онҳо масъалаи мазкур умуман танзим нагардидааст, ки ин масъала низоми фаъолияти меҳнатиро дар самти пардохти саривақтии музди меҳнат халалдор намудааст. Аз тарафи дигар, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ки тибқи моддаи 357 ва 363 КМ ҶТ ба иттифоқҳои касаба ва комиссияҳои мақомоти дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё дигар намояндагони кормандон вогузор гардида, дар тамоми ташкилоту корхонаҳо аз ҷониби ин ниҳодҳо бояд ба таври зарурӣ амалӣ карда шавад.
Ҳамзамон, аз ҷониби иттифоқҳои касабаи дар худи ташкилоту корхонаҳо фаъолиятдошта, ҷиҳати саривақт додани музди меҳнат ва бартарафсозии қарздорӣ аз он, инчунин ҷиҳати ҳалли мушкилоти бавуҷудомада қарорҳои дахлдор қабул карда нашуда, назорати ҷамъиятии иҷрои талаботи қонунгузорӣ таъмин карда намешавад. Зарур аст, ки ҳангоми фаъолият назорати ҷамъиятии иҷрои саривақтии талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби ниҳодҳои зикргардида ба таври зарурӣ ва мунтазам таъмин карда шавад.
Масъалаи дигаре, ки ҳангоми таҳлили фаъолияти корхонаҳои аз музди меҳнат қарздоридошта муайян гардид, ин аз ҷониби корфармоён муддатҳои тулонӣ нигоҳ доштани дафтарчаҳои меҳнатии кормандони аз кор озоднашуда мебошад, ҳоло он ки чунин кормандони баъди муддати зиёд батаъхир андохтани пардохти музди меҳнат барои таъмини сатҳи иҷтимоии худ дар дигар ҷойҳо фаъолияти меҳнатиашонро ба роҳ мондаанд. Дар чунин маврид тибқи талаботи қисми 5 моддаи 52 Кодекси меҳнати ҶТ ҳангоми бо гуноҳи корфармо кашолкорӣ намудан аз супоридани дафтарчаи меҳнатӣ барои ҳар рӯзи кашолкорӣ ба корманд музди миёнаи меҳнаташ дода мешавад.
Бе асос нигоҳ доштани дафтарчаи меҳнатӣ хилофи талаботи қисми 5 моддаи 52 Кодекси меҳнат ва талаботи “Тартиби пешбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон”, ки 12 апрели соли 1999 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №154 тасдиқ гардидааст ба ҳисоб рафта, масъалаи мазкур ҳалли бетаъхир ва саривақтиро тақозо менамояд. Ҳамзамон, бар хилофи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа аз ҷониби корфармоён ҳолатҳои дар ҳаҷми нопурра ва ё пурра пардохт накардани музди меҳнати кормандоне ба назар мерасад, ки айни замон дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошта, ҳуқуқу кафолатҳои онҳо аз ҷониби корфармоён таъмин намегардад. Чунин кирдори корфармоёни баъзе аз корхонаҳо ба талаботи моддаи 139, 140, 149, 150, 157, 158 КМ ҶТ мухолифат менамояд. Дар баъзе аз корхонаҳои аз пардохти музди меҳнат қарздор шартҳои пардохти музди меҳнати кормандон бе розигии хаттии онҳо тағйир дода шудааст, ки масъалаи мазкур хилофи талаботи муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 150 КМ ҶТ мебошад.
Тибқи талаботи моддаи 942 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки навбати аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулиии суратҳисобро ба танзим медарорад, ҳангоми дар суратҳисоб мавҷуд будани маблағҳои пулие, ки барои қонеъ гардондани ҳамаи талаботи ба соҳиби суратҳисоб пешниҳодшуда кофӣ мебошад, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, аз ҳисоб баровардани ин маблағҳо аз суратҳисоб бо тартиби ворид гардидани супориши соҳиби суратҳисоб ва ҳуҷҷатҳои азҳисоббарории дигар (аз рӯйи навбати тақвимӣ) сурат мегирад.
Тибқи талаботи қисми 2 ҳамин модда, ҳангоми нокифоя будани маблағҳои пулии суратҳисоб барои қонеъгардонии ҳамаи талаботи ба соҳиби суратҳисоб пешниҳодшуда аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ тибқи тартиби зерин анҷом дода мешавад:
- дар навбати аввал аз ҳисоб баровардан аз рӯйи талаботи кредиторон, ки дар суратҳисоби бо маблағҳои пулӣ таъминшуда ва дар феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта шудаанд ва аз рӯйи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки интиқол ё додани маблағҳои пулиро аз суратҳисоб барои қонеъгардонии талаботи ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонда шудааст, инчунин талабот оид ба ситонидани алиментро пешбинӣ менамояд;
- дар навбати дуюм аз рӯйи талаботи кредиторон, ки дар суратҳисоби бо маблағҳои пулӣ таъминшуда ва дар феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта нашудаанд ва аз рӯйи ҳуҷҷатҳои иҷро барои ҳисобу китоб оид ба пардохти маблағи барои аз кор рафтан ва пардохти музди меҳнат ба шахси тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод коркунандаро, ки маблағгузаронӣ ё додани маблағи пулӣ, инчунин оид ба пардохти подоши пулӣ тибқи шартномаи муаллифиро пешбинӣ менамояд;
- дар навбати сеюм аз ҳисоб баровардан аз рӯйи ҳуҷҷатҳои пардохт, ки пардохт ба фондҳои буҷетро пешбинӣ менамояд;
- дар навбати чорум аз ҳисоб баровардан аз рӯйи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки қонеъ гардондани талаботи дигари пулиро пешбинӣ менамояд;
- дар навбати панҷум аз ҳисоб баровардан аз рӯйи дигар ҳуҷҷатҳои пардохт бо тартиби навбати тақвимӣ. Тибқи талаботи қисми 3 моддаи мазкур бошад аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоб тибқи талаботи марбут ба як навбат бо тартиби навбати тақвимӣ ворид гардидани ҳуҷҷатҳо анҷом дода мешавад. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки корфармоён барои пардохти музди меҳнат имконият доранд, вале дигар пардохтҳоро афзалтар дониста, музди кормандони фаъолияти меҳнатидоштаро саривақт пардохт намекунанд ва маблағҳои воридгардидаро барои ҳалли дигар масъалаҳо истифода намуда, пардохти музди меҳнатро ба таъхир меандозанд, ки ин амал пурра ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории соҳаи меҳнат дар ҳолати мухолифат қарор дорад.
Дидаю дониста вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дар самти пардохти саривақтии музди меҳнат ва ё зиёда аз 2 моҳ напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳои бо қонун муқарраргардида аз ҷониби корфармоёни зикргардида ҷавобгарии ҳуқуқиро тибқи талаботи моддаи 1531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуда, ба як қатор ҷавобгариҳои бо қонунгузорӣ муқарраргардида оварда мерасонад. Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати татбиқи талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти пардохти саривақтии музди меҳнати шаҳрвандони дар муносибатҳои меҳнатӣ қарордошта ва таъмини ҳуқуқу кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нисбати кормандон чораҳои дахлдор андешида, масъалаи зикргардидаро мунтазам зери назорати қатъӣ қарор медиҳад ва минбаъд дар доираи ваколатҳои муқарраргардида чораҳои таъсиррасониро ҷиҳати бартараф намудани қарздорӣ аз музди меҳнат мавриди истифода қарор медиҳад.
Сардори Хадамоти назорати
давлатӣ дар соҳаи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Сафаралӣ Маҳмадзода