img
ТОЗАГӢ ДАР ВАЗОРАТ

Имрӯз 31- уми августи соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастгирӣ аз иқдомҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар ва ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия таҳти унвони “Тозагӣ дар вазорат” бо иштироки роҳбарият ва кормандон доир гардид.

 

Дар ин иқдоми нек роҳбарият ва аҳли кормандони вазорат гирду атрофи биноҳои маъмурро тоза, инчунин дарахтону буттаҳоро ба тартиб дароварда, заминҳоро нарм ва роҳраву майдончаи варзиширо рӯбучин намуданд.

 

Дар ин иқдоми нек роҳбарият ва аҳли кормандони вазорат утоқҳои кориро тоза намуда, гирду атрофи бинои маъмуриро тоза, инчунин дарахтону буттаҳоро ба тартиб дароварда, заминҳоро нарм ва роҳраву майдончаи варзиширо рӯбучин намуданд. Ҳамин гуна шанбегӣ дар ҳамаи сохторҳои вазорат дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.

31.08.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ