29 майи соли 2025 дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29–31 майи соли 2025) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират чорабинии канориро таҳти унвони «Ҳаракати аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ: афзалиятҳои амал» баргузор намуд. Дар чорабинӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф, Роҳбари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Виктор Лутенко, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.
Чорабинӣ дар заминаи нигарониҳои афзоянда вобаста ба обшавии пиряхҳо ва таъсири занҷираи он ба ҷомеаҳои кӯҳистон дар саросари ҷаҳон ташкил карда шуд. Дар пасманзари баландшавии ҳарорат ва об шудани пиряхҳо, аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ бо таҳдидҳои бесобиқа рӯ ба рӯ мешаванд: норасоии об, хатари афзояндаи таркиши кӯлҳои пиряхӣ ва офатҳои шадиди табиӣ, ки равандҳои муҳоҷиратро дар ин минтақаҳо тағйир медиҳанд. Иштирокчиён ба осебпазирии хоссаи аҳолии кӯҳистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мушкилоти муҳити зист ва иҷтимоию иқтисодии марбут ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд. Робитаи мустақими хатарҳои муҳити зист бо равандҳои муҳоҷират дар минтақаҳои кӯҳӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.
Дар раванди муҳокима коршиносон шаклҳои гуногуни муҳоҷират дар заминаи хатарҳои муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳӣ - аз кӯчидан бар асари офатҳои табиӣ ва чарогоҳравии мавсимӣ то муҳоҷирати меҳнатӣ ва кӯчонидани банақшагирифташударо баррасӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Норзода Шариф муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд кард: «Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор таъсири тағйирёбии иқлимро хеле амиқ эҳсос мекунад. Шаҳрвандони мо бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ шудаанд – аз норасоии об то харобии инфрасохтор бар асари офатҳои табиӣ. Масъалаи ҳалли мушкилоти муҳоҷирони экологӣ зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мунтазам чораҳо амалӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, яке аз роҳҳои ҳалли онҳо роҳандозии тадбирҳои амалӣ тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби шарикони рушд арзёбӣ мегардад».
Виктор Лутенко роҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки: «Робитаи байни муҳоҷират ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон беш аз пеш равшан аст ва арзёбии охирини мо оид ба минтақаҳои кӯҳӣ инро тасдиқ мекунад. Гарчанде ки ин робита хеле мураккаб ва ниёзманди омӯзиши пайваста мебошад, як чиз возеҳ аст, ки дастгирии молиявии муҳоҷирон дар давраи таҳдидҳои экологӣ муҳим мебошад». Натиҷаҳои муҳокима ба таҳия ва татбиқи Нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва Стратегияҳои миллии муҳоҷират мусоидат мекунанд. Чорабинӣ ба таҳкими муколама байни ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати арзёбии дониш, сиёсати амалкунандаи муҳоҷират ва таҷрибаҳо дар шароити тағйироти муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳӣ равона гардидааст.
Дар маҷмуъ, чорабинӣ бо музокира ва пешниҳоду таклифҳои иштирокчиён идома ёфта, дар охир ба мақомоти дахлдор як қатор тавсияҳо барои пешгирӣ аз хавфҳои офатҳои табиӣ, мусоидат ба мутобиқшавии муҳоҷирони экологӣ ва ҳалли мушкилоти онҳо дода шуданд.