29 январи соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷиҳати иҷроиши тавофуқҳои мулоқоти роҳбарияти олии ду кишвар машваратҳои байниидоравии Тоҷикистон ва Россия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ баргузор гардид.
Машваратро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва муовини вазири тандурустии Федератсияи Россия Плутнитский Андрей Николаевич роҳбарӣ карданд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ширкат варзиданд.
Зимни машварат табодули афкори судманд атрофи ҳамкории ду кишвар дар самти муҳоҷират, қонунигардонии вазъи будубоши шаҳрвандон, ки дар “Феҳристи шахсони назоратшаванда” қарор доранд, баимзорасонии Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гузаронидани муоинаи тиббии шаҳрвандон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, кушодани манъи воридоти ҳамватанон, ки бо қонунвайронкуниҳои ночиз воридоташон ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст, таълими касбии шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи касбҳои корӣ, ки дар бозори меҳнати Россия талабот доранд ва мушкилоти пайдошуда вобаста ба хориҷ кардани донишҷӯёни тоҷик аз муассисаҳои таҳсилоти олии Россия ва ихроҷи онҳо, инчунин ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Россия дохил кардани фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус вобаста ба мушкилот дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла тартиби гузаронидани санҷишҳо ва нигоҳдории тӯлонӣ дар фурудгоҳҳо ва ҷойҳои махсуси нигоҳдорӣ дода шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуда, барои баррасии саривақтии мушкилиҳои соҳа идома додани чунин тартиби кориро ҷонибдорӣ намуданд. Чорабинӣ дар руҳияи ҳусни тафоҳуми хоси шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия баргузор гардид.