img
МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБРО 1686 НАФАР БО ИХТИСОСҲОИ ГУНОГУНИ КОРГАРӢ ХАТМ НАМУДАНД

Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлобро соли 2023  1686 нафар аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни коргарӣ аз рӯйи се самт ва 17 ихтисос барои касбомӯзӣ хатм намуданд, ки аз инҳо 737 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

 

Тавре муовини директори марказ Бахтиёр Нурматов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар марказ бештар занону мардоне, ки умуман шуғл надоранд, новобаста аз синн ба шуғл фаро гирифта мешаванд.

 

Муассиса аз соли 2008 фаъолият намуда, дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддии он хеле тақвият ёфт.

 

Дар марказ ба занону духтарони бешуғл аз шаҳру минтақаи Кӯлоб ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, чакандӯзӣ ва бофандагӣ омӯзонида мешаванд.

 

Ҷавононе, ки марказро хатм менамоянд, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ  гардида, аз рӯйи касбҳои омӯхтаашон дар дилхоҳ ҷой ба кор қабул мешаванд.

 

Марказ фаъолияташро аз рӯйи се самт: Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои мардону занони бекор, шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва худмаблағгузорӣ амалӣ менамояд.

 

 

 

Манбаъ: АМИТ “ХОВАР”

05.01.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ