Имрӯз санаи 06 сентябри соли 2024 ба муносибати 33- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон, роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии вазорат чорабинии идона таҳти унвони “Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хасанзода Гулнора Кенҷа ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Хасанзода Гулнора зимни суханронии худ қайд намуд, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин арзиш ва асоситарин ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар сохтмону таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ, истиқлоли давлатӣ, ташкилу рушди минбаъдаи қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ ва ниҳодҳои идораи давлат, ҳамзамон дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Қайд гардид, ки бо ёдоварӣ аз дастовардҳои соҳа дар даврони истиқлоли давлатӣ, ки тавассути хизматҳои шоистаи кормандон ба даст омадаанд, масъулияти мо барои рушди минбаъда дучанд мегардад. Минбаъд кормандони вазорат ва сохторҳои он бо меҳнати содиқона баҳри амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои амал, ки таъминкунанда шуғли пурмаҳсул ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми кишвар мебошанд, саҳми арзандаи худро дар таҳкими истиқлоли давлатӣ мегузорем.
Дар чорабинии мазкур ходимони давлатӣ, собиқадорони меҳнат Рафиқа Мусоева ва Ғайбулло Афзалов иштирок карда, аз хотироти худ, ки бевосита дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз сар гузаронидаанд, ба иштирокчиён қисса карданд. Ҳамчунин, аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, насли ҷавонро ба ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, зиракии сиёсӣ ва меҳнати содиқона даъват намуданд.
Дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, ҳунармандӣ ва таълими калонсолон натиҷаҳои хуб ба бор омад. Заминаҳои меъёрии ҳуқуқи ин соҳаҳо такмил ёфта, дар ин муддат муносибатҳои меҳнатӣ зина ба зина такмил ва рушди босуботи ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ таъмин гардид. Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 4 миллиону 800 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ёфта, беш аз 850 ҳазор нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин дар ҳамоиши идона як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои таркибии он барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва бо сипосномаву ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.