29 майи соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара озмуни малакаҳои касбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуда, маҳорати касбӣ ва сатҳи омодагии амалии худро аз рӯи ихтисосҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти офтобӣ» ба намоиш гузоштанд.
Озмуни малакаҳои касбӣ бо мақсади рушди таҳсилоти касбӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва муаррифии ҷавонони соҳибистеъдоду соҳибмалака роҳандозӣ гардида, ба яке аз чорабиниҳои муҳими Форум табдил ёфт. Пеш аз оғози мусобиқа иштирокчиёни ҷавони синни аз 17 то 35-сола аз раванди бақайдгирӣ гузашта, аз ҷониби мутахассисон ва масъулини техникӣ оид ба риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва талаботи иҷрои корҳои амалӣ дастуру тавсияҳои муфассал гирифтанд.
Сипас ба ҳар як иштирокчӣ вобаста ба ихтисоси интихобнамудааш супоришҳои амалӣ пешниҳод гардида, иштирокчиён ба иҷрои корҳои амалӣ оғоз намуданд. Барои иҷрои босифат ва мутобиқ ба талаботи техникӣ ба иштирокчиён аз 4 то 6 соат вақт ҷудо гардида, раванди иҷрои супоришҳо, сатҳи донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ, риояи меъёрҳои техникаи бехатарӣ ва сифати иҷрои кор аз ҷониби доварони мустақили байналмилалӣ баҳогузорӣ гардид.
Ҷамъбасти форумро чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони хушсалиқаи ҷумҳурӣ хотирмон гардонид. Ёдовар мешавем, ки иштирокчиёни форум аз Осорхонаи овони мактаббачагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд