img
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

1.Муовини сардори Раёсати Хадамот дар вилояти Суғд – 1 ҷой Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшинос ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;
-5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Ко4нститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист; 
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.
Маоши мансабӣ 2300 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.Сармутахассиси Раёсати Хадамот дар вилояти Суғд –1 ҷой  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ ё ҳуқуқшиносӣ, ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад; 
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; 
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад. Маоши мансабӣ 1500 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз  рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

3.Мутахассиси пешбари бахши  Хадамот дар минтақаи Кӯлоби вилояти  Хатлон –1 ҷой    
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ ё ҳуқуқшиносӣ, ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад; 
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; 
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.
Маоши мансабӣ 1270 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз  рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

    4. Мутахассиси  пешбари  бахши Хадамот дар минтақаи Ваҳдат– 1 ҷой Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ ё ҳуқуқшиносӣ ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; 
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ        мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар     соҳа афзалият дода мешавад.
Маоши мансабӣ 1270 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
    5. Мутахассиси  шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат– 1 ҷой
              Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодчӣ ё ҳуқуқшиносӣ ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд бартарӣ дода мешавад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ        мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар     соҳа афзалият дода мешавад.
Маоши мансабӣ 1062 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- ариза ба номи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2  дона акси андозаи 4х6), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот,  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад) маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ, нусхаи гувоҳномаи рақами мухшаххаси андозсупоранда, эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ, нусхаи шиноснома, нусхаи билети ҳарбӣ, (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд), нусхаи шаҳодатномаи  суғуртаи ҳатмии нафақавӣ,  маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ,  (объективка).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз рӯзи эълони расмии озмун дар муҳлати  то 21 рӯз  қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 71,
 индекс: 7350352, 231-47-71
 
11.03.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ