img
ҲАМОИШ ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КИШВАР”

 

Имрӯз 2-юми июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 29 – солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар” ҳамоиш баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Норзода Шариф Сангинмурод муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Рухшона мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва аъзои ташкилоти ибтидоии "Меҳнат"-и ҲХДТ, кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои давлатии низоми вазорат иштирок намуданд.

 

Зимни баромадҳо маърузачиён зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо пояи асосии эҳёи давлатдорӣ ва пойдории ҷомеа, балки арзиши муҳими сиёсиву маънавӣ мебошад. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар кишвар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таҳким ёфта, заминаи мусоид барои рушди устувори ҷомеа фароҳам омадааст.

 

Иштирокдорон ҳамчунин зикр намуданд, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли мусолиматомези низоъҳо ҳамчун намунаи арзишманд дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, дар он саҳми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Ҳамзамон, қайд гардид, ки занон бо иштироки фаъолонаи худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим дошта, баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва инчунин дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ саҳми арзанда мегузоранд.

03.06.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ