img
«ШУҒЛИ» САБЗ: МОҲИЯТ ВА ПАЙДОИШИ ИН МАФҲУМ

МАФҲУМҲОИ КАЛИДӢ: «ШУҒЛИ» САБЗ, ШУҒЛИ ЭКОЛОГӢ, КАСБҲОИ «САБЗ». Маводи мазкур бо дарназардошти қабул гардидани Стратегияи рушди иқтисодиёти «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №482) ва бо мақсади ҷамъбаст ва ба низом даровардани донишҳои назариявии то ин дам андӯхташуда дар соҳаи «шуғли» сабз (шуғли экологӣ) таҳия ва пешниҳод шудааст.

 

Дар ин мавод ду паҳлӯи калидии мавзӯъ: моҳияти мафҳуми «шуғли» сабз ва зинаҳои асосии тақсимоти давра ба давраи шуғли экологӣ дар заминаи омӯзиши адабиёти илмии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

 

Бояд қайд намуд, ки давоми 40-50 соли охир дар ҷаҳон назарияи илмӣ оид ба шуғли экологӣ (шуғли сабз) ба таври фаъол ташаккул ёфта истодааст. Ин намуди шуғл яке аз қисмҳои таркибии иқтисодиёти «сабз» мебошад, ки ба риояи принсипҳои он таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шахсияти олимон, муттахассисон ва давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон равона гардидааст.

 

Дар ин ҷода мунтазам таҳқиқотҳо аз ҷониби олимони ҷаҳон ҷараён дорад ва паҳлӯҳои гуногуни ин масъала мавриди таҳлил қарор доранд, вале новобаста аз ин то ҳоло масъалаи коркарди назариявии он муҳим боқӣ мемонад, зеро масъалаи баррасишаванда дар давраи на он қадар тулонӣ ба амал омада, оғоз аз солҳои 1970-1980 дар корҳои илмии олимони Аврупо тадриҷан ташаккул ёфтааст.

 

Саҳми арзанда дар назария ва амалияи таҳқиқи «шуғли» сабз ба олимони франсуз, махсусан ба олимони Обсерваторияи миллии ин кишвар оид ба масъалаҳои шуғл ва касбҳо дар соҳаи иқтисодиёти «сабз» тааллуқ дорад.

 

Дар ахбороти ташкилоти мазкур дар соли 2017 якбора якчанд муносибат доир ба фаҳмиши моҳияти шуғли экологӣ («шуғли» сабз) пешниҳод шудааст [1].

Аз ҷумла, муносибати якум аз муайян намудани намудҳои фаъолияти экологӣ иборат мебошад, яъне фаъолияте, ки ҳадафи он аз ҳифзи муҳити зист иборат аст.

 

Ғайр аз ин, корманде, ки уҳдадориҳои он мутобиқ ба ҷойи кори арзшуда дар соҳаи муайяни фаъолият мебошанд, аз рӯи қоида дар яке аз корҳои асосии зерин машғул мебошанд:

- истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, ки дар баробари дигар уҳдадориҳо ба вазифаҳои корманд масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тақсимоти захираҳои табиӣ мутобиқи принсипҳои идоракунии устувори экологӣ низ дохил мешаванд;

- хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба назорат оид ба вазъи экологӣ дар кишвар алоқаманд мебошанд;

- ба ҳайси коршинос дар лоиҳаҳое, ки ба беҳдошти экологӣ нигаронида шудаанд, кор мекунанд.

Ба ин намуди корҳо, инчунин дигар намудҳои фаъолиятҳоро дохил намудан мумкин аст, ки вазифаи асосии онҳо ҳифзи муҳити зист намебошад, вале мутахассисоне, ки дар ин намуди корҳо кор мекунанд, ба восита барои ҳифз ва барқарорсозии муҳити зист мусоидат менамоянд.

Аз ин хотир, ворид намудани нишондиҳандаҳои омори дахлдор имконпазир аст. Аз ҷумла:

1) миқдори ҷойҳои кории «сабз» (ҷойҳои корӣ, ки ҳадафи онҳо аз беҳдошти вазъи экологӣ дар минтақа иборат мебошад);

2) шумораи ҷойҳои кори «сабз»-и бавосита (ҷойҳои корӣ, ки иловатан вазифаи ҳифзи табиатро иҷро менамоянд);

3) шумораи умумии ҷойҳои кории «сабз».

Ду нишондиҳандаи аввалро мувофиқ ба мақсад аст, ки дар таносуб ба шумораи умумии аҳолии машғули кор дар минтақа бо ҳисоби фоиз муайян намоянд.

 

                           шумораи умумии ҷойҳои кории «сабз»

           С% =      _____________________________________    х 100 ;

                             шумораи умумии аҳолии машғули кор

 

          Дар айни замон дар ҷумҳурӣ чунин омор вуҷуд надорад, бинобар ин дар оянда зарур аст, ки чунин омор пеш бурда шавад.

Муносибати дуюм аз арзёбӣ намудани тамоюли тағйирёбии қувваи корие ибоат мебошад, ки пурра ё қисман фарогири касбҳои «сабз» мебошад.

Дар Таснифоти аз ҷониби Обсерваторияи миллӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва касбҳо дар соҳаи иқтисодиёти «сабз» (Onemev) пешниҳодшуда, инчунин якчанд талабот ба касбҳои «сабз» оварда шудааст:

- мутахассисон аз ин соҳа бояд дорои малакаҳои махсус бошанд;

- фаъолияти онҳо аз назорати таъсири номусоид ба табиат ва муҳити зисти инсон иборат мебошад.

Масалан, аз ҷониби олимони Обсерваторияи миллӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва касбҳо дар соҳаи иқтисодиёти «сабз» соҳаҳои сабз дар иқтисодиёт муайян шудаанд, ки ба ин соҳаҳо истеҳсоли нерӯи барқ, таъминоти нерӯи барқ, таъминоти об, коркарди партовҳои истеҳсолот, фаъолияти марбут ба ҳифзи табиат дохил мешаванд.

Касбҳое, ки ба ин соҳаҳои номбаршуда дохил мешаванд, касбҳои соф «сабз» мебошанд.

Мувофиқи махзани асосии маълумот оид ба бозори меҳнати давлати Олмон (Агентии федералӣ оид ба меҳнати ин кишвар) ба «шуғли» сабз 31 гуруҳи касбҳо дохил карда шудаанд, ки дар навбати худ ин гуруҳҳо дар 6 зергуруҳ муттаҳид гардидаанд [2]:

1) ҳифзи табиат (4 гуруҳи касбҳо);

2) технологияҳои экологӣ ва истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия (9 гуруҳи касбҳо);

3) таъминоти об ва идоракунии обҳои ифлос (3 гуруҳи касбҳо);

4) идоракунии (коркарди) партовҳо (4 гуруҳи касбҳо);

5) биология, геология ва метеорология (3 гуруҳи касбҳо);

6) идоракунии муҳити зист ва консалтинг (8 гуруҳи касбҳо).

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти Созмони байналхалқии меҳнат, ки ба омӯзиш ва ташаккули ҷойҳои кории «сабз» дар давлати Испания бахшида шудааст, дар ин кишвар шуғли экологӣ ҳамчун намуди алоҳидаи шуғл ба ҳисоб намеравад [3].

Новобаста аз ин, соҳаҳое дар иқтисодиёт муайян шудаанд, ки касбҳои марбут ба ин соҳаҳо ба ҷойҳои кории «сабз» дахл доранд.

Дар ин кишвар 5 бахши иқтисодиёт муайян шудааст:

1) энергияи барқароршаванда;

2) нақлиёт;

3) саноати вазнин;

4) сохтмон;

5) коркарди партовҳо.

Дар Испания таснифоти қатъии касбҳои «сабз» гузаронида намешавад ва ба ҷудо намудани касбҳои нав аз касбҳои куҳна таваҷҷуҳи хоса дода намешавад.

Муносибат чунин аст, ки агар касб экологӣ ҳисобида шавад, пас шахсони дорои ин касб бояд аз такмили ихтисос гузаранд, яъне иловатан малакаҳои «сабз» -ро аз худ намоянд.

Олимони Британияи Кабир (Англия) дар масъалаи таснифи шуғли «сабз» (шуғли экологӣ) ва ҷойҳои кории «сабз» ҷонибдори консепсияи бештар ихчам мебошанд.

Аз ҷониби Идораи омори миллии ин кишвар бо ду мазмун шарҳ додани мафҳуми ҷойҳои кории «сабз» тавсия дода шуда, дар баробари ин  «шуғли» сабзро бо сабаби мавҷуд набудани шарҳи мушаххаси мафҳуми «шуғли, кори» сабз мушкил арзёбӣ менамоянд [4].

Олимони ин кишвар афзалияти мавҷуд будани муносибати гуногунро оиди муайян намудани (шарҳ додани, таснифи) шуғли «сабз» қайд менамоянд: чунин муносибат вобаста ба шарҳи (таснифи) ин намуди шуғл имкон медиҳад, ки мафҳуми мазкур ба ҳолатҳои гуногун мутобиқ ва истифода шавад.

Муносибати аввал ба мафҳуми ҷойҳои кории «камкарбон» алоқаманд мебошад.

Мувофиқи ин муносибат зери мафҳуми шуғли «сабз» фаъолиятро дар соҳаи энергияи «камкарбон» ва барқароршаванда мефаҳманд.

Муносибати дуюм аз интихоби бахшҳои мушаххаси иқтисодиёт ва ворид намудани касбҳои ин соҳаҳои иқтисодиёт ба касбҳои «сабз» иборат мебошад.

Яке аз манбаҳои асосии маълумот дар бораи касбҳои «сабз» барои Вазорати меҳнати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ин махзани The Occupational Information Network (минбаъд – O*NET) мебошад [5].

Таъсисдиҳандагони ин махзани маълумот маҷмӯи бахшҳои иқтисодиётро интихоб намуданд, ки дар якҷояги иқтисодиёти «сабз»-ро ташкил медиҳанд (масалан ба ин бахшҳо соҳаҳои нақлиёт ва энергияи камхарҷ дохил мебошанд). Инчунин 3 категорияи ҷойҳои корӣ муайян шудаанд, ки асоси малакаҳои сабзро ташкил медиҳанд.

Дар чунин муносибат низ тақсимоти ҷойҳои корӣ ба ҷойҳои кории «сабз» ва «ғайрисабз» вуҷуд надорад. Ба ҷойи ин принсипи «гузариши сабз» ворид карда шудааст.

Ин консепсияи пешниҳодшуда низ ба мисли дигар муносибатҳои дар боло зикршуда қобили таваҷҷуҳ мебошад.

Дар Федератсияи Россия мафҳуми «шуғли экологӣ» асосан дар корҳои илмии олимони ин кишвар истифода мешавад, вале дар омори давлатӣ чунин маълумот вуҷуд надорад.

Олимони ин кишвар, ки ба масъалаҳои раванди экологикунонии бозори меҳнат машғул мебошанд (И.М. Потравный, Е.А. Войкина) барои муайян намудани мафҳуми «шуғли сабз» аксаран аз махзани маълумоти кишварҳои хориҷа истифода мебаранд, ки қисми зиёди онҳо дар боло оварда шуд [6].

Бояд қайд намуд, ки нисбати маъалаи мазкур мавқеи Созмони миллали муттаҳид ва Созмони байналхалқии меҳнат нуфуз дорад.

Созмони миллали муттаҳид «кори сабзро» ҳамчун фаъолият дар соҳаҳои иқтисод, муайян менамояд, ки дар онҳо молу маҳсулот барои ҳифзи муҳити зист, нигоҳдорӣ ва дастгирии захираҳои табиӣ истеҳсол мешавад [7].

Созмони байналхалқии меҳнат дар фаъолият оид ба омӯзиши ин масъала шарики Созмони миллали муттаҳид мебошад ва аз ин хотир дар аксар ҳисоботҳо мавқеи ин ду созмон бо ҳамдигар мувофиқ мебошанд.

Мавқеи кишварҳо ва созмонҳои байналмиллӣ оид ба муайянсозии мафҳумҳои «шуғли» сабз, «ҷойҳои кории» сабз ва «шуғли экологӣ» дар ҷадвал оварда шудаанд.

                                                                                                          Ҷадвал

 

Муносибатҳои афзалияти бештар дошта оид ба таснифи «шуғлт сабз»

 

Таҳиягарони муносибат

Моҳияти мафҳум

Обсерваторияи миллӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва касбҳо дар соҳаи иқтисодиёти «сабз»

 

                     (Франсия)

«Шуғли сабз – ҳама намуди фаъолияти иқтисодӣ, ки онҳоро шартан ба ду гуруҳ тақсим кардан мумкин аст:

 а) бевосита ба ҳифзи муҳити зист нигаронида шудаанд;

 б) бавосита ба нигоҳдории тавозуни табиат мусоидат менамоянд.  

«Шуғли сабз – соҳаи фаъолияти меҳнатӣ, ки дар он мутахассисони дорои малакаҳои махсус кор мекунанд, ки вазифаи онҳо аз назорат ва пешгирии таъсири номусоид ба табиат ва муҳити зисти инсон иборат мебошад.

Агентии федералӣ оид ба меҳнат

 

                    (Олмон)

«Шуғли сабз – фаъолияти касбӣ, ки ба ҳифзи табиат, технологияҳои экологӣ ва истифодаи манбаҳои энергияи барқароршаванда, таъминоти об ва назорати обпартовҳо, коркарди партовҳо, биология, геология ва метеорология, инчунин идоракунии муҳити зист ва консалтинг алоқаманд мебошад.

Ташкилоти «Меҳнати устувор» (Sustainlabour) якҷо бо Фонди гуногунии биологӣ (Fundación Biodiversidad)

 

                     (Испания)

«Шуғли сабз – фаъолияти кормандони баъзе аз касбҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, ки ба соҳаҳои энергияи барқароршаванда, нақлиёт, саноати вазнин, сохтмон ва коркарди партовҳо дахл доранд ва дорои малакаҳои «сабз»-и махсус мебошанд.  

Шуъбаи омори миллии Британияи

Кабир

 

                   (Англия)

 

«Шуғли сабз – фаъолияти иқтисодӣ оид ба таъмини ҷомеа бо мол ва хизматрасониҳо бо таваҷҷуҳ ба ихроҷи ками газҳои карбонӣ ба муҳити зист.

«Шуғли сабз – таъсис додани касбҳои «сабз» (ҷойҳои кории «сабз») дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт

Махзани маълумоти O*NET  

                   

 

(Штатҳои Муттаҳидаи Америка)

«Шуғли сабз – яке аз самтҳои амалисозии принсипи гузариши «сабз», яъне шуғл дар бахшҳои иқтисодиёт, ки дар якҷоягӣ иқтисодиёти «сабз»-ро ташкил медиҳанд (самаранокии истифодаи энергия, нақлиёт ва ғ.) ва аз қувваи корӣ доштани малакаҳои махсусро аз рӯи се категорияи ихтисосҳо талаб менамоянд.

Созмони миллали муттаҳид

 

                (СММ)

«Кори сабз – ин фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсолот, таҳқиқот ва корҳои илмӣ, фаъолияти идоракунӣ ва соҳаи хизматрасонӣ, ки дар нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сифати муҳити зист саҳми назаррас доранд» [7, с. 3].

Ташкилоти байналхалқии меҳнат

 

                (ТБМ)

 

«Шуғли сабз – фаъолияте, ки истифодаи энергия ва ашёи хомро коҳиш медиҳад, ихроҷи газҳои гулхонаиро маҳдуд менамояд, партовҳо ва ифлосшавиро кам менамояд, экосистемаро ҳифз ва барқарор менамояд ва ба корхонаҳо ва ҷомеа ҷиҳати мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим имконият медиҳад.

Ҳамин тавр, дар заминаи омӯзиши таҷрибаи кишварҳо ва адабиёти мавҷуда вобаста ба мафҳумҳои «шуғли» сабз, касбҳои «сабз» ва «шуғли экологӣ» чунин хулоса намудан мумкин аст, ки муносибати ягонаи ҳамаҷониба фарогири мазмун ва моҳияти мафҳумҳои болозикр айни замон вуҷуд надорад.

Новобаста аз ин метавон хулоса намуд, ки: «Шуғли сабз» - ин фаъолияти меҳнатие мебошад, ки бо гузариши (трансформасия) «сабз» ва таҳкими устувории экологии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки ба муҳити зист таъсири зиёди антропогенӣ доранд, алоқаманд мебошад.

 

Номгӯи адабиёт:

 

1. Méthodologie de quantification de l’emploi dans l’économie circulaire [Методология количественной оценки занятости в экономике замкнутого цикла]. La Defense Cedex, France: WG “Scopes – Circular economy”; 2017. 53 p. (Фр.).

 2. Cedefop (2018). Skills for green jobs in Germany: an update [unedited proofcopy]. http://www.cedefop.europa.eu/files/germany_green_jobs_2018.pdf (accessed 10.02.2023).

3. Green jobs for sustainable development. A case study of Spain. Geneva: ILO, 2012. 76 p.

4. Harris L. The challenges of defining a “green job”. Office for National Statistics. 2021, 1-6.

5. O*NET Resource Center. Additional Initiatives of O*NET Resource Center; 2022. https://www.onetcenter.org/initiatives. html#green (accessed 10.02.2023).

6. Войкина Е.А., Потравный И.М. Зеленая занятость и рынок труда при формировании экологически ориентированной экономики. Вестник Санкт-Петербургского университета. Экономика. 2018;34(2): 217–240.

7. Green Jobs: Towards decent work in a sustainable, low-carbon world. Washington: UNEP; 2008. 352 p.

 

Қурбонов Ниёз

Сардори  Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

 

Мутахассиси раёсати бозори меҳнат ва шуғли ахолии

Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Али-заде Муниса Умедовна

23.09.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ