img
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ СОЛЕҲА ХОЛМАҲМАДЗОДА БО ДИРЕКТОРИ БЮРОИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ (СБМ) БАРОИ КИШВАРҲОИ АВРУПОИ ШАРҚӢ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ МУҲТАРАМ МИХАИЛ ПУШКИН

Рӯзҳои 27 – 28 октябри соли 2025 дар доираи густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, муҳољират ва шуғл, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода бо Директори Бюрои Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ муҳтарам Михаил Пушкин зимни ташрифаш ба вазорат вохӯрӣ анҷом доданд.

 

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаи ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати шоиста барои солҳои 2025–2026-ро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои созанда, Нақшаи амал оид ба ҳамкории шарикони сетарафа ба миён гузошта шуд, ки ҳадафи он тақвияти шарикии иҷтимоӣ, таъмини меҳнати арзанда, шуғли устувор ва рушди сиёсати самараноки меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар доираи марҳалаҳои қаблӣ таъкид намуданд, ки барномаи нав идомаи мантиқии фаъолияти муштарак буда, ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040 мусоидат мекунад. Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, такмили механизмҳои ҳифзи иҷтимоии кормандон, мутобиқсозии меъёрҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамчунин таъмини шароити бехатар ва одилонаи меҳнат баррасӣ гардиданд.

 

Зимни суханронӣ, муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода зикр намуд, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкони бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро барои муқаррар намудани шартҳои иловагии меҳнат, кафолатҳои иҷтимоӣ ва музди муносиб фароҳам меоранд. Ҳамзамон ёдоварї намуд, ки татбиқи самараноки ин меъёрҳо танҳо дар асоси ҳамкории сеҷонибаи сохторҳои давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва корфармоён имконпазир мебошад.

 

Аз ҷониби намояндагони Созмони Байналмилалии Меҳнат низ иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти сиёсати меҳнатӣ ва тақвияти шарикии иҷтимоӣ баланд арзёбӣ гардиданд. Ҷониби Созмони мазкур омодагии худро барои идомаи дастгирии техникиву машваратӣ, тақвияти қобилиятҳои институтсионалӣ ва мусоидат кардан ба рушди бозори меҳнати устувор дар кишвар изҳор дошт.

 

Рӯзи 28 октябри соли 2025, дар толори маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии сетарафа миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоён ва Бюрои Созмони Байналмилалии Меҳнат барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

 

Имзои ин ҳуҷҷат оғози марҳалаи нави ҳамкориро миёни шарикони иҷтимоии кишвар ва Созмони Байналмилалии Меҳнат ифода намуда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии сиёсати меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими муколамаи иҷтимоӣ, рушди меҳнати шоиста ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.

28.10.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ