6 - уми марти соли 2025 дар толори Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлил ва бузургдошти Рузи Модар бо иштироки васеи занону бонувони сохторҳои вазорат ва дастгоҳи марказӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси идонаро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода оғоз намуда, бо сухани муқаддимавӣ бонувони вазоратро хайрамақдам ва бо ин санаи муқаддасу таърихӣ муборакбод намуд.
Муҳтарам вазир зикр намуданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолй Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгирии занону бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар симои зан, модар, хоҳар ва ҳамсар, тарбиятгари насли башар, сиёсатмадори шинохта, олими муваффақ, соҳибкори саховатпеша, корманди мақомоти қудратӣ, бинокор, мураббия ва роҳбари соҳибэҳтромро тарбия намудааст. Мавқеи занону бонувон дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат назаррарс буда, саҳми онҳо хело арзишманд эътироф гардидааст.
Роҳбарияти вазорат қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи занону модарон ибрози андеша намудаанд, “Арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии модар вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад” моро водор месозад, ки ҷиҳати ба камол расонидани фарзандони соҳибмаърифат ва соҳибилм саҳми босазо дошта бошем. Бо ин мақсад дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” паҳлуҳои мубрам ва муҳими рушди ҷомеаи муосири тоҷикро баррасй намуда, нуктаҳои асосии Паёмро доир ба нақши бонувон дар рушди ҷумҳурӣ, худшиносию тарбияи наслҳои солиму комил ва созандагони ояндаи кишвар хотиррасон намуд.
Имрӯз, ки зиёда аз 51 фисади аҳолии ҷумҳуриро занон ташкил медиҳанд, Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба баланд бардоштани мақом ва нақши онҳо дар ҷомеа ва ширкати фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ тадбирҳои созандаро роҳандозӣ менамояд. Бо дарназардошти ин, дар Вазрати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар бонувони вазорату идораҳои кишвар 644 нафар бонувон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 242 нафарашон хизматчии давлатӣ, 33 нафарашон ҳамчун ҳайати роҳбарикунанда, дар маҷмуъ дар ҳама сохторҳои вазорат 100 нафар роҳбар фаъолият намуда истодаанд.
Вазир қайд намуданд, ки бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон мо аҳли бонувон дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият баҳри сулҳу субот, вахдати миллй, озодиву истиқлол ва таҳкими соҳибдавлативу соҳибихтиёрии ҷумҳурии азиз саҳми арзанда хоҳем гузошт. Дар фарҷом Солеҳа Холмаҳмадзода бонувонро бо фарорасии фасли зебои сол, баҳори нозанин ва таҷлили Рӯзи Модар бори дигар муборакбод намуда, ба ҳар яке аз онҳо хонаи обод, бахту иқболи наку дар иҷрои вазифаҳои муҳими давлатй комёбиҳо таманно намуд.