img
МУАРРИФИИ ПЛАТФОРМАИ KOR.TJ ДАР ТАҲРИРИ НАВ

Ҳукумати электронӣ як ҷузъи ҷомеаи иттилоотӣ мебошад, ки ҳоло дар арафаи шаклгирии умумиҷаҳонӣ қарор дорад. Дар шароите, ки интернет ба воситаи муҳими алтернативии пахши иттилоъ зуҳур намудааст, ин масъала аз ҳар ҷиҳат аҳамиятнок мебошад. Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд бо доираи васеи намояндагони вазорату корхонаҳо ва ташкилотҳои бахши хусусӣ сомонаи www.kor.tj рӯнамоӣ гардид.

 

Қайд карда шуд, ки рӯ овардан ба низоми муосири коргузорӣ, яъне гузариш ба ҳукумати электронӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ яке аз шартҳои асосии ташкили давлати муосир мебошад. Бо мақсади таъмини шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, сарфаи буҷаи давлатӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи байни шаҳрвандон ва давлат ба роҳ мондани сомонаҳое мебошад, ки монеаҳои молиявӣ, физикӣ, вақтию маконии ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам шахсони воқеиро нисбатан гардонад.

 

Дар воқеъ ҳадафи таъсис додани сомонаи www.kor.tj ҳам дар он аст, ки корфармоёну корҷӯён сарфаи вақт намоянду барои пешниҳоди ҷойи корӣ ва ҳамзамон пайдо намудани кори дилхоҳ тавассути ин сомона сари вақт огоҳ шаванд. Сомонаи www.kor.tj барои корфармоёну корҷӯён имкониятҳои зиёдеро дорад, ки ин ҳам бошад дар дилхоҳ вақту замон метавон онро истифода намуд, зеро замимаи мобилии сомонаи мазкур дар барномаҳои Google Play ва App Store фаъол мебошад.

12.07.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ