img
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ЯКЕ АЗ ЗАБОНҲОИ БОСТОНӢ ВА СОҲИБХАТИ ОЛАМ МАҲСУБ ЁФТААСТ

Татбиқи ҳамаҷонибаи забони давлатӣ ва қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ  зиёд дорад, чунки забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расидаанд.

 

Мақоми давлатӣ пайдо кардани забони модарӣ, моро ба донистани нозукиҳои он ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, грамматика барои ҳар яки мо тоҷикистониён зарур аст. Ҳамаи мо бояд хуб донем, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад.

 

Адибону донишмандони оламшумул ба тимсоли устодон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургонамон асарҳои безавол ва ҷовидонаву орифонаи худро ба забони ноби тоҷикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар кардаанд. Ҳамаи ин заҳмату ҷоннисориҳои бузургони адабро барои рушду нумуъ ва ҳифз карданашон ба инобат гирифта, мову шумо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои боз ҳам рушд ёфтани он тамоми қувваи доштаамонро сарф намоем.

 

Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханрониҳои худ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфтаанд: “Боиси сарфарозиву ифтихори мо - ворисон аст, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳо ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.

 

Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем. Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост.

 

Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем. Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем”.

 

Бояд гуфт, ки дар шинохт ва дарк кардани маънои ҳастии таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон мафҳумҳои забон, адабиёт, саргаҳи ориёӣ, тамаддуни миллӣ, давлати Сомониён, бошишгоҳи таърихӣ ва фазои фарҳангии миллат  ва тафаккури илмӣ  нақши китобӣ доранд. Дар раванди воқеияти ҷаҳонии имрӯз, бахусус тамоюлҳои таҳрибкори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳонгароӣ ва ҷаҳонисозӣ, агар ҳушёр набошем, манфиатҳои дарозумри миллатро ба эътибор нагирем, метавонанд ба ҳувияти миллат осеби ислоҳнопазир расонанд.  Барои ҳамин мову шуморо зарур аст, ки ҳифзу нигоҳдошти мафҳумҳои муқаддас, ки ба чизе, ба волотарин арзише наметавон иваз кард,  побарҷо ва устувор нигоҳ дорем.

 

 

Тимерова Шаҳринисо

 

Мутахассиси пешбари

Шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоии

Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ

 

04.10.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ