img
МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ ТАШАККУЛИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРДҲО, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО

Санаи 13 феврали соли 2025 дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи машғулиятҳои идоравӣ ҳамоиш оид ба мавзуи "Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо" баргузор гардид. Дар он кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иштирок намуданд.

Намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Фирӯз – сармутахассиси раёсати танзими ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзои электронӣ ва Шамсиддинов Меҳриддин корманди ҳамин раёсат дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҳозирин оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ маълумот доданд. Дар фарҷоми машғулияти идоравӣ сӯҳбати озод ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

 

15.02.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ