img
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БО БАХШИ ХУСУСӢ

11 феврали соли 2026 дар меҳмонҳонаи «Hayat Regency» бо ташаббуси Палатаи савдои америкоӣ дар Тоҷикистон (AmCham) вохўрии намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Ашурализода Абдураҳмон Ашурализода бо намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва байналмилалии муқимӣ баргузор гардид.

 

Мақсад аз баргузории чорабнии мазкур барқарор намудани муколама байни бахши хусусқ ва Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо суханронии муовини вазир Ашурализода А. ва муовини раиси Шурои директорони AmCham Гаган Малҳотра оғоз гардид.

 

Муовини вазир, зимни суханронии худ оид ба сиёсати давлат дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ ва заминаҳои ҳуқуқии ин соҳа, ки яке аз онҳо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, маълумот дода, муҳтавои санадҳои амалкунандаро шарҳ дод. Қайд намуд, ки таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ тавассути ҷорӣ намудани рақамикунонӣ ва бознигарии заминаи меъёрӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани низоми самараноки ҳифзи меҳнат ва ба ин васила баланд бардоштани самаранокии қувваи корӣ ва ба шуғл ҷалб намудани шаҳрвандони кишвар равона гардидааст.

 

Зимни вохўрқ масъалаҳои калидии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолқ, аз ҷумла татбиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти мавҷуда ва имкониятҳои рақамикунонии ҳуҷҷатгузориҳо дар ин соҳа ва рушди бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар вохӯрӣ байни намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва масъулини дастгоҳи марказии Вазорат ва сохторҳои соҳавии он саволу ҷавоб сурат гирифта, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда таклифу тавсияҳо пешниҳод гардид.

13.02.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ