img
ОБОДӢ АЗ ОСТОНАИ ХОНА ОҒОЗ МЕЁБАД

Ободонӣ ва созандагӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимми давлат ва миллати мо дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ин нуктаи муҳим дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид гардида, баёнгари зарурати омодагии ҳамаҷониба барои пешвози шоистаи ин санаи таърихӣ мебошад.

 

Дар пайравӣ аз ин дастуру ҳидоятҳо дар вазорат ва сохторҳои он иқдомҳои созанда рӯйи даст гирифта шуда, ҳар ҳафта шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумӣ баргузор карда мешаванд. Ҳамин гуна, маъракаи гулшинонӣ ва ниҳолшинонӣ, инчунин тозаву озода кардани гирду атрофи хобгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиев 292 ҳар ҳафта баргузор гардида, сокинон бо ҳисси баланди масъулият ва ҳамбастагӣ дар самти тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф саҳми арзанда мегузоранд.

 

Ин ҳамкорӣ ва ҳисси масъулияти дастаҷамъона далели равшани боло рафтани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ватандӯстии сокинон мебошад. Бешубҳа, чунин иқдомҳои созанда намунаи ибрат буда, метавонанд дигаронро низ ба саҳмгузорӣ дар ободии Ватан раҳнамун созанд.

04.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ