img
ДАР ЖЕНЕВА МАСЪАЛАҲОИ ТАДОРУКОТӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ «НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ - 2024» БАРРАСӢ ШУДАНД

Бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева вохӯрии ҳавзаи Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария.


Вохӯрии ҳамоҳангсозони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз дар Женева таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода доир шуд.


Зимни вохӯрӣ иштирокдорон доир ба масъалаҳои тадорукотӣ оид ба таҷлили «Наврӯзи байналмилалӣ – 2024» дар Женева табодули афкор намуданд.

 

khovar.tj

16.02.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ