Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ яке аз самтҳои фаъолияти сохторҳои вазорат дар маҳал мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ, МД “Маркази машваратии омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” мунтазам оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои сохторҳои вазорат, ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ, бокортаъминкунӣ дар ҷойхои кори холии мавҷуда, фарогирӣ ба корҳои мавсимӣ, инчунин пешниҳоди ҷойҳо кори холии аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ пешниҳодшуда, шарту шароитҳои кор дар хориҷа, қонунгузории муҳоҷират ва дигар масъалаи самтҳои фаъолият мунтазам гузаронида мешавад.
Аз ҷумла, чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар фурудгоҳҳои кишвар ташкил карда шуданд.