img
ҲЕҶ САРВАТ БЕҲ ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ.

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сентябри соли 1991 ба даст омад ва ин сана дар таърих ва сарнавишти  халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардид.   Мусалам ба зикр аст ки дар солҳои аввали комёб  шудан ба ин неъмати бебаҳо, бо таҳррезии душманони хориҷӣ ва баъзе сокинони сияҳдилу бадкеши кишвар,  миёни мардуми тоҷик оташи хусумату ҷудоӣ  барангехта шуд. Бар асари ин нофаҳмиҳо қисми зиёди аҳолӣ  мамлакатро тарк карданд ва гурез шуданд. Иқтисоди мамлакат ба нестӣ расид, сатҳи зиндагии мардум дар ҳолати даҳшатнок қарор гирифт. Хатари аз байн рафтани миллат, давлат ба миён омад. 

 

Хушбахтона, дар чунин як вазъияти душвор ба сари қудрат  Эмомалӣ Раҳмон омад ва аз аввалин рӯзҳои роҳбарӣ  монеи ҷанг шуд. Барои эҳёи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани саҳти зиндагонии мардум талошу ҷонбозиҳои беҳисоб намуд. Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мардони соҳибхирад буд, ки  миллат тоҷик дубора ҳам омаданд ва зери як парчам  қарор гирифтанд.

 

Бо гузашти солҳо новобаст аз душвориҳои зиёд дар соҳаҳои гуногуни  давлатдорӣ пешравию муваффақият ба даст омаданд. Бо соҳибистиклолияти давлатӣ  барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, то  дубора  ба гузаштаи худ бингарад ва онро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор бидиҳад.  Агарчӣ ҳанӯз ҳам бисёр корҳо дар ин самт ба  анҷом нарасидаанд, аммо дастоварҳои намоёнро  наметавон нодида гирифт.

 

Олимону донишмандони мо дар ин давра як силсила китобҳоеро ба нашр расонданд, ки дар онҳо худшиносии миллӣ, андешаҳои инсонсозу тарбиякунандаи насли наврас  бо мисолҳои рушан  ҳалу фасл гардидаанд.  Шоирон низ дар баробари эҷоди манзумаҳои ошиқонаву ҳикматомез, тавонистанд дар  васфи муқаддасоти миллӣ чун модар, дӯстд доштани  ватан, ҳифзи марзу бум  ашъори ифтохорангези худро пешкаши хонандагон гардонанд.

 

Инчунин, бо шарофати истиқлолият маконҳои таърихию фарҳангӣ кӯчаҳои шаҳру деҳот,  боғҳо мавзеъҳо  тоҷикӣ номгузорӣ  шуда, ё бо номи пешинаи тоҷикии худ баргаштанд. Ва комёбиҳои ба даст омада танҳо дар соҳаи илму фарҳанг набуданд, балки дастовардҳои иқтисодӣ низ  бар  асари сиёсати дуруст ва ислоҳотҳои гуногун   пайдо гардиданд. 

 

Барои таъмини рушди иқтисодӣ, ҳукумати  кишвар сиёсати ислоҳоти иқтисодиро амалӣ намуд. Барномаҳои иқтисодии давлатӣ, ба монанди ислоҳоти молиявӣ ва таҳкими корхонаҳои хусусӣ, ба рушди иқтисодиёт кӯмак расониданд. Инфрасохторҳои нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар паҳлуҳои ба иқтисод дахлдоре ,ки дар баланд  бардоштани сатҳи зиндагии мардум муҳим буд, ба таври назаррас рушд намуд. Бунёди роҳи оҳан, ободонии роҳҳо, ва сохтмони инфрасохтори энергетикӣ аз дастовардҳои муҳим мебошанд ,ки дар  давраи соҳибистиқлолӣ  миллати тоҷик ба он тасаллут пайдо кард . Таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар ин даврон назаррас буда, мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифт.  Вазорати меҳнат ва шуғли аҳоли яке аз вазоратҳои пешсаф ва фаъолу мардумӣ мебошад, ки  барои осон кардани мушкилоти ҷамъият фаъолияти бо самар мекунад .

 

Баъди  даст ёфтан ба истиқлолият ислоҳоти куллии  соҳаи таълим ва саломатӣ зарур буд ва мушкилоти пешорӯи мардуми шарафманди Тоҷикистон  аз қабили бунёди муассисаҳои таълимӣ ва беморхонаҳо, ба рушди зеҳнию ҷисмӣ,  ки барои  баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кӯмак мерасонид, меистод.  Бо мурури замон ин мушкилот то андозае аз миён рафт.

 

Бунёди мактабҳои замонавӣ  тағйироти низоми таҳсилот яке аз нуктаҳои калидии ин соҳа буд. Имрӯз муваффақиятҳои моро ҷоизаҳое, ки хонандагону наврасон, олимону  донишмандон аз олимпидаҳои байналмиллалӣ  ба даст меоранд, хуб ба намоиш мегузорад. Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои кӯмак ба марҳалаҳои осебпазир ва таъмини беҳбудии иҷтимоӣ роҳандозӣ шуданд.

 

Агар мо дастовардҳои замони истиқлолро ба қалам диҳем саҳифаҳои бешуморро  рангин  хоҳем кард, аммо ин муҳим нест, муҳим он аст,ки истиқлолияти бадаст омада барои миллати тоҷик   талош карданро омӯхт. Талош барои баланд бардоштани парчами миллӣ, баҳри некуаҳволӣ, зиндагии шоиста, пешрафту муваффақият, барору комёбӣ.

Яъне талош барои амалишавии  умеду орзуҳо, ки тӯли таърих халқи ҷафокаши тоҷик дар дил мепарварид. Пас, бодо, ки ин талошҳо беохир бошанд, ин орзуҳо ҷомаи амал бипӯшанд  ва боиси сарбаландиву пирӯзӣ шаванд!

 

                                                                                                                                                                                     Сардори шуъбаи ҳуқуқи  

                                                                                                                                                                               Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ                                                                                                                                                                                                                                                        Мардонзода Гулбаҳор

06.09.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ