Рӯзи сеюми декабри соли равон муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримзода Н.С. дар ҳамроҳӣ бо Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – академик Ф.Раҳимӣ, муовини якуми вазири маориф ва илм - Ҳошимзода Ҳ., менеҷери лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика – Б.Абдулмаҷид ва менеҷери Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” - Сафаров Д. дар Форуми 11-уми байналмилалии Бонки Осиёии Рушд оид ба масъалаҳои маориф ва рушди малакаҳо, ки дар шаҳри Манилаи Филлипин баргузор шудаистодааст, иштирок намуданд. Каримзода Н.С. роҳбарии гурӯҳи иштирокдорони тоҷикистониро дар Форуми мазкур ба зимма дошт.
Форум рӯзи сеюми декабр оғоз шуда, то рӯзи панҷум идома хоҳад ёфт. Мақсади асосии он аз баррасӣ намудани роҳҳои вокуниши муассири низоми маориф ва тағйироти сохторӣ, ҳалли мушкилоти соҳа ва муайян намудани самтҳои нави стратегӣ барои рушди малакаҳо иборат мебошад. Дар кори Форум Каримзода Насим доир ба масъалаҳои зикршуда, баҳри боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва муваффақ шудан ба комёбиҳои назаррас бо пешниҳодҳои муфассал суханронӣ кард. Аз ҷумла қайд намуд, ки Дар ин ҳамоиш мо якҷоя дар ҷустуҷӯи ғояҳои бузург ва ҷасурона ҳастем - он ғояҳое, ки метавонанд самти рушди маорифро тағйир дода, инсониятро ба оянда омода созанд.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон ба давраи таҳаввулоти амиқи техникӣ ва иқтисодӣ ворид гардидааст, кишварҳои мо бо як масъалаи муштарак рӯ ба рӯ ҳастанд: чӣ гуна таҳсилот сифатнок, фарогир ва ба талаботи замони зеҳни сунъӣ ва иқтисоди сабз ва саноатикунонӣ ҷавобгӯ бошад. Дар Тоҷикистон низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун ҳадафи стратегии рушди захираи инсонӣ табдил гардидааст. Он на танҳо шабакаи муассисаҳои таълимӣ аст, балки маконе, ки салоҳиятҳои касбӣ, малакаҳо ва маҳорати меҳнатӣ ташаккул меёбанд.
Ин муассисаҳо фарогири тамоми соҳаҳои калидии иқтисодиёт аз ҷумла энергетика, сохтмон, мошинсозӣ, кишоварзӣ, самтҳои IT, соҳаи хизматрасонӣ ва технологияҳои сабз мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд ва шарикони рушд мо методологияи муосири таълим дар асоси салоҳиятро ҷорӣ намудем. Ин методология ба стандартҳои салоҳият барои ҳар як касб, барномаҳои таълимии модулӣ асос ёфта, иштироки бевоситаи корфармоёнро дар таҳия, раванди таълим ва баҳодиҳӣ талаб менамояд. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи БОР «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъмишавӣ» дар 6 минтақаи кишвар марказҳои муосири касбомӯзӣ, хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо бунёд гардида, мавриди истифода қарор доранд.
Омӯзишҳо дар ин марказҳо аз рӯи 20 касби афзалиятнок тариқи ройгон ба роҳ монда шуда, барои духтарон ва занон стипендия низ дода мешавад. То имрӯз дар ин марказҳо ҳазорҳо шаҳрванд, аз ҷумла занон, таҳсил намуда, соҳиби сертификатҳои салоҳият гардиданд, ки аз ҷониби корфармоён эътироф карда шудаанд. Барои ташаккули ояндаи таҳсилот зарур аст, платформаи глобалии ҳамкорӣ вуҷуд дошта бошад, ки ғояҳои ҳадафманд, ташаббусҳои муштарак ва кӯшишҳои коллективии давлатҳо, созмонҳо ва коршиносони сатҳи ҷаҳониро ба ҳам муттаҳид созад.
Дар ҳамоиши мазкур, инчунин мулоқоти алоҳидаи Каримзода Н.С. бо намояндагони воломақоми БОР, аз ҷумла, бо директори гурӯҳи департаменти Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ дафтари бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоӣ, департаменти гурӯҳҳои соҳавии БОР - София Шакил, директори генералии департаменти инсонӣ ва иҷтимоӣ БОР - Аяко Инагаки, муовини директори генералии департаменти инсонӣ ва иҷтимоӣ БОР - Янг Ви ва дигар шахсони расмӣ сурат гирифт.
Зимни мулоқот бо шахсони зикршуда, масъалаҳои татбиқи самараноки лоиҳаи мавриди назар, рушди бокортаъминкунии шахсони соҳибкасб дар бозори меҳнат, алоқамандии ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд дар самти иҷтимоӣ, мубрамияти ҳамкориҳо дар самти омодагиҳо ба тағйиёбии иқлим, иқтисоди сабз ва навгониҳои сабз, масъалаҳои рақамикунонӣ ва монанди инҳо баррасӣ карда шуданд.
Дар хотима Каримзода Н.С. миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки Бонки Осиеии Рушд яке аз шарикони асосӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва мо ба БОР ва роҳбарияти он барои саҳмгузорӣ ва ҳамкорӣ дар татбиқи самараноки лоиҳаҳои ҷорӣ ва оянда изҳори сипос менамоем!