img
БАХШИДА БА ҲАФТАИ САЛОМАТӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боиси хурсандист, ки аз 14 октябри соли 2022  дар асоси қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, соли 2026 -  “Соли ҳифзи саломатӣ дар ИДМ” эълон гардидааст ва бахшида  он бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 10 апрел аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” мегузарад, ки он боиси дастгирӣ мебошад. Тибқи нақшаи баргузории  аксияи мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташкили “корвони саломатӣ, семинару машваратҳо, дарсҳои кушод оид ба саломатии занон ва оила, ҳуқуқи кӯдак ва саломатӣ, оид ба шароити бехатарии меҳнат дар корхонаҳо, нашру пахши иттилоот дар ВАО доир ба аксия ва дигар чорабиниҳо муҳим гузаронида  шуда истодааст.

 

  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, дар баробари дигар вазифаҳои низомномавиаш пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ  ва батанзимдарории меъёрҳои ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, аз ҷумла бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро баҳри саломатӣ ва беҳдоштӣ коргарон анҷом медиҳад. Чунки бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат гарави саломатии кормандон дар  корхонаҳо маҳсуб  меёбад. Ҳифзи меҳнат низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию  пешгирисоз ва барқарорсозӣ мебошад, ки мутобиқи Кодекси  меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахсро дар раванди меҳнат таъмин мекунад.

 

Дар кишвари мо тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли -  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат ва   ҷалб намудани диққати корфармоён   оид ба ташкили корҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо диққати ҷиддӣ дода  мешавад. Чунки муҳайё намудани шароити хуби меҳнат ва фароҳам овардани муҳити солими меҳнат барои ҳар як корманд хеле зарур аст, зеро аз се як ҳиссаи умри инсон дар ҷойи кор мегузарад.

 

Қайдаш ба маврид аст, ки Ташкилоти Байналмиллалии Меҳнат ба қонунгузории ҳамаи кишварҳо таъсири муассир дорад. Аз соли 1919 то инҷониб беш аз 190 Конвенсияҳо қабул намудааст, ки он давлатҳо, корфармоёнро барои фароҳам овардани шароити корӣ, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳифзи саломатии кормандон, ҳуқуқҳои иҷтимоии категорияҳои гуногуни коргарон уҳдадор менамояд. Тоҷикистон аз рӯзи оғози узвияти худ дар Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 51 конвенсияи ТБМ-ро ратификатсия намуд, ки аз  онҳо 28 Конвенсия дорои талаботи ҳифзи меҳнат ва беҳдошти саломатии кормандон равона карда шудааст.   

 

Дар мавриди таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи миллӣ  меъёрҳои  муқаррароти конвенсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ба инобат гирифта мешаванд, ки онҳо   сатҳу сифати зиндагии  коргарон, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати онҳоро таъмин менамоянд. Ба ин восита, идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

 

Бо мақсади танзими идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, фароҳам овардани муҳити бехатарии он ва ҳифзи меҳнати кормандон дар ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолият қабул гардидааст.  Аз ҷумла, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои   ҶТ «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон”, “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рўи шароити меҳнат” , «Рӯйхати истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳо бо шароити меҳнати зарарнок ва вазнин, ки кор дар онҳо барои рӯзи кории кӯтоҳкарда шуда ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад» “Дар бораи Тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ”, «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо», “Дар бораи Рўйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад”  ва ғайра мавриди амал қарор доранд. 

 

Маврид ба зикр аст, ки  татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз ва бехатарии меҳнат дар ташкилоту корхонаҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба салоҳияти Агентии меҳнат,   ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  вогузор шудааст. Дар ин замина, яке аз вазифаҳои он расонидани кумаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо дар самти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла,  ҳифз ва бехатарии меҳнат маҳсуб мешавад.

 

 Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ,  ҷалб намудани диққати корфармоёну соҳибкорон ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи  ҳифзи меҳнати заҳматкашон   бо  ташаббуси Созмони Байналмилалии Меҳнат аз соли 2003  санаи 28 апрел расман  “Рӯзи умумиҷаҳонии  ҳифзи меҳнат” эълон  гардида,    зиёда аз 100  давлати ҷаҳон ин рӯзро ҳамасола васеъ ҷашн мегиранд.

 

Тибқи маълумоти Ташкилоти Байналмиллалии Меҳнат, ҳамарӯза дар ҷаҳон  7-8  ҳазор нафар корманд  аз ҳодисаҳои нохуш дар ҷойи кор мефавтанд. Дар бисёр ҳолатҳо сабаби таъмин накардани бехатарии меҳнат дар ҷойи кор ин сарфа намудани хароҷотҳои молиявӣ аз ҷониби корфармоён маҳсуб мешавад.  Ин аст, ки мутасаддиёни самти меҳнати сохторҳои агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ  ба корфармоён ва кормандони   ташкилоту муассиса ва  корхонаҳои  гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  вобаста ба масъалаҳое, ки аз муқаррароти   санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бармеоянд, кӯмаки методию амалӣ  мерасонанд.  

 

Назорати риояи меъёр ва тартиби муҳофизати меҳнат дар Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ,  Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзӣ   вогузор шудааст.

 

Хуллас, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат масъалаи муҳим ва  актуалӣ  боқӣ мемонад. Дар ин самт  вазорат  якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шарикони иҷтимоӣ ва рушд ҷиҳати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва қоидаҳои бехатарии меҳнат фаъолияти худро ба таври густарда минбаъд низ тақвият хоҳад дод.

 

 Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Рӯзи байналмилалии тандурустӣ, ки ҳамасола 7 апрел ҷашн гирифта мешавад, рост меояд. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон ва ҷаҳон аксияҳои тиббӣ, семинарҳо ва машқҳои варзишӣ баргузор мешаванд, ки ба пешгирии бемориҳо нигаронида шудаанд.   

 

 

 Раҷабов Раҷаб

 

Сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ

ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ