img
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

9-уми январи соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он машғулияти идоравӣ доир гардид.

 

Дар машғулият муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзишу сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун ва таъмин намудани волоияти он ва пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

 

Аҳли кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон дар атрофи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид шуда, баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон саъю талош намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ тамоми тадбирҳоро меандешад.

 

09.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ