img
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ ХАДАМОТИ РУШДИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНИИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

Санаи 21 майи соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҳайати Ҷумҳурии Кореяро таҳти роҳбарии Президенти Хадамоти рушди захираҳои инсонии Корея Вуянг Ли ба ҳузур пазируфт.

 

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи самараноки Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор, рафти фаъолияти Маркази  EPS дар шаҳри Душанбе ва омодасозии шаҳрвандони кишвар бо назардошти талаботи асосӣ ва ҳатмии низоми EPS мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки якҷо бо Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея, инчунин ниҳодҳои дипломатии ҳарду кишвар ҳамкориро ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омода  ва сафарбар намудани қувваи корӣ идома медиҳанд. Роҳбари ҳайати Корея муаррифӣ намудани имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қувваи корӣ аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Корея дар байни корхонаю ширкатҳои Ҷумҳурии Кореяро муҳим ва зарур арзёбӣ намуд.

 

Ҳамчунин, барои тайёр намудани шаҳрвандони кишвар тибқи талаботи низоми EPS мусоидат дар ҷалби омӯзгорони забони кореягӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Корея дархост карда шуд. Ҳайати Ҷумҳурии Корея бо ҷараёни курсҳои касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”, ки дар асоси дархости корфармоёни кореягӣ ташкил карда шудааст, шинос шуда, бо касбомӯзон суҳбат намуданд.

22.05.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ