img
ВОХӮРИИ СУДМАНДИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ “ЛОИҲАИ НАВСОЗИИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА ҲАМГИРОИИ ИҚТИСОДӢ”-И БОНКИ ҶАҲОНӢ БАҲРИ БЕҲБУДБАХШИИ КОРИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

20  уми ноябри соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода намояндагони “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ - Анна Сухова (роҳбари гуруҳ), Солен Ружо, Уснибегим Раҳимджоновна Сабин Чирическу, Ораз Султоновро ба ҳузур пазируфтанд. Мулоқот бо ҳайати васеи ду ҷониб сурат гирифта, оид ба корҳои ба анҷом расонидашуда ва нақшаю иқдомҳои дар пеш гузошташуда мулоҳизаҳои судманд ба миён омад.

 

Ёдовар мешавем, ки “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” аз соли 2023 дар ҳамкорӣ бо вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Лоиҳаи мазкур барои ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва беҳтар намудани низоми ҳифзи иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Қисмати дигари лоиҳа ба беҳтар намудани хизматрасониҳои хадамоти шуғли аҳолӣ барои дастгирии бекорон тавассути рақамикунонии соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ равона мебошад.

 

Бояд қайд кард, ки дар доираи қисмати мазкур таҳияи “Системаи иттилоотии бозори меҳнат” (СИБМ) ба нақша гирифта шудааст, ки он дар қабули қарорҳо оид ба сиёсати бозори меҳнат, фароҳам овардани шароит барои корҷӯён, корфармоён, осонсозии муроҷиат ба имкониятҳо дар бозори меҳнат ва шуғл ва таҳлили маълумоти омории бозори меҳнат кӯмак мерасонад. 

 

Инчунин, ҳадафи мазкур дар иртибот ба эълон шудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мусоидати бевосита менамояд.

Зимни мулоқот, бештар аз ҳама масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки дар нақшаҳои оянда такмил дода хоҳанд шуд:

  • Таҳия намудани модулҳои иловагӣ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани СИБМ – дафтарчаҳои меҳнатӣ ва шартномаҳои колективӣ;
  • Пайвастшавии СИБМ бо дигар системаҳои маҳаллӣ;
  • Пайвастшавӣ бо интернети босуръат дар сатҳи ноҳияҳо;
  • Дастгирии МРҲММК барои омода намудани дарсҳои видеои;
  • Дастгирии МРҲММК барои шароити хуби корӣ (таъмир);

ва монанди инҳо. Мулоқот дар фазои муносибатҳои дӯстона ва меҳмоннавозии шарқиёна оғозу анҷом ёфта, меҳмонон бо хушнудиҳо гусел карда шуданд.

21.11.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ