Асосҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ тибқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025) ва кор бо Барномаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ.
16-уми январи соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ дар мавзуи “Асосҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ тибқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025 тасдиқ шудааст” бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат доир гардид.
Дар машғулият муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Раёсати котибот Сафарализода Дилором Сафаралӣ ва Саидов Қурбоналӣ Ҳайдарович - сармутахассиси иттилооти Шуъбаи идоракунии корҳо асосҳои кор бо барномаи гардиши ҳуҷҷатҳои электрониро ба иштирокчиён фаҳмонида, ба пурсишҳои онҳо ҷавоб доданд.