Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар робита ба иҷрои банди 29 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570) 13 декабри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Озмуни “Ҳунарманди сол” – ро ҷамъбаст намуд.
Дар озмун ғолибони Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” ва Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи 7 номинатсия - “Маҳсулоти бофандагӣ ва либос”, “Коркарди чӯб ва маснуоти чубӣ”, “Маҳсулоти минералии ғайриметаллӣ”, “Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ”, “Созҳои мусиқӣ”, “Санъати нафиса”, “Ҳунарҳои соҳаи кишоварзӣ” намунаи ҳунарҳои худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.
Мақсади баргузории озмун рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.
Дар маросими ҷоизасупории озмуни мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, роҳбарияти вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори роҳнамоиву ташаббусҳои зиёди эҳёкунандаи миллат ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, ки таҷассумгари симои ҳақиқии миллати эҷодкор ва офаридгори мо мебошад, аз рӯзҳои нахустини эҳёи давлати навини тоҷикон иқдом намуданд.
Аз нав зинда кардан ва рушд додани анъанаву суннатҳои волову наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя ба ҳунарҳои мардумӣ намудан далели худшиносӣ миллӣ ва симои хоси миллӣ доштани халқи тоҷик мебошад.
Дар ин замина, дар сохторҳои вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумраи дигар идораву корхонаҳо барои аз худ намудани ҳунарҳои гуногуни миллӣ ва муосир курсҳои кӯтоҳмуддат ҷорӣ карда шудаанд, ки ҳамасола ҳазорон нафарро ба омӯзиш фаро мегиранд.
Соли ҷорӣ Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 таъсис дода шуда, аввалин 20 нафар ҳунарманд бо пешниҳоди дархостҳои худ соҳиби грант гардиданд.
Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ то имрӯз як қатор санадҳоро қабул намуд, ки айни замон мавриди амал қарор доранд.
Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ ва Номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон тасдиқ гардида, Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Инчунин, аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод шудани ҳунармандон дар рушди иқтисодиёти мамлакат натиҷаҳои қаноатбахш дода истоданд. Ғолибони озмуни “Ҳунарманди сол” бо ҷоиза, диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.