Имрӯзҳо авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шиддат ноором, пуртаниш ва нигаронкунанда аст. Аз нав дубора шиддат гирифтани ҷангҳо дар Ховари Миёна, ҷангҳои иттилоотӣ, муборизаҳои ҳуши маснуъӣ дар фазои маҷозӣ, терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст.
Махусусан, бояд таъкид намоям, ки таҳмили ғояҳои тундгароёна ба афкори ҷавонони ноогоҳ таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти кишвар маҳсуб меёбанд. Аз ин ру, дар низоми муосири амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ масъалаҳои муқовимат ба тундгароӣ, экстремизм ва терроризм аҳамияти хос пайдо намудаанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи “Муқовимат бо терроризм ва экстремизми хушунатомез”, ки рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хатари афзоишёбандаи экстремизм ва терроризм таъкид намуда, зикр карданд, ки “Имрӯз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо ҷомеаҳои радикалии динӣ, миллатгаро ва дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ муттаҳид шуда, хусумат ва зӯроварӣ, хунрезӣ ва низоъҳои динӣ, конфессионалӣ, қавмӣ ва ҳатто зиддияти байни тамаддунҳоро таҳрик мекунад”. Низоъҳои мусаллаҳона, пайдоиши нуқтаҳои нави доғ дар гӯшаҳои гуногуни дунё (Сурия, Лубнон, Ироқу Яман ва ғайра) ва дар ин замина авҷ гирифтани рӯҳияи ифротгароӣ таҳдидҳоро ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон афзоиш медиҳад.
Созмонҳои экстремистию террористӣ ҳамзамон ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯйи аъзои нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотиву тарғиботиро ба роҳ мондаанд. Барои Тоҷикистон, ки ҷавонон табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу субот, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва рушду тараққиёти кишвар хело муҳим арзёбӣ мегардад. Имрӯз, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон-қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.” Аз ин хотир, чи бояд кард, ки ҷавонони кишвар аз чунин падидаҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ дар канор бошанд ва дар таъмини сулҳу субот ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир, ҷиҳати муқовимат ба терроризму ифротгароӣ чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар қабул карда шудаанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021 дар таҳияи нав қабул карда шуданд. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Точикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”; “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”. Ҳоло барои татбиқи стратегияи мазкур Котиботи махсус созмон дода шуда, ҳамзамон бо ин, Платформаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатии татбиқкунандаи он ва созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амал менамояд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 аз 3-юми марти соли 2018; Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки идеологҳои ифротӣ дар раванди ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва радикалӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни олам роҳу усулҳои навро бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва ҳуши маснуъӣ ғояҳои худро дар байни ҷавонон ташвиқу тарғиб менамоянд.
Барои ҳамин ҳам, Президенти кишвар дар Паёми навбатии хеш, ҳануз аз 23 декабри соли 2022 ба ниҳодҳои қудрати супориш доданд, ки маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Ин марказ бевосита ҷиҳати пешгири намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, пешгирӣ хоҳад кард. Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрванди кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз 5000 ҳазор донишҷӯи тоҷик чиҳати пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Айни замон барои мутобиқ шудан ба ҷомеаи Тоҷикистон ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ бурда мешавад. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкории судманд менамояд.
Ҳамчунин, кишвари мо дар ин робита бо сохторҳои минтақавие чун- Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай низ ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондааст.
Набояд фаромӯш кард, ки ҷонибдорони гурӯҳҳои экстремистӣ душманони ашаддии демократия ҳастанд. Онҳо зидди ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, озодии виҷдон, дин ва мавҷудияти давлати қонуниро инкор мекунанд.
Бешубҳа, намояндагони ин равияҳо имрӯз доманаи фаъолияти худро дар ҷаҳон васеъ намуда, кӯшиш доранд, ки аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ, тарафдорони худро зиёд карда, ба амнияти давлату миллатҳо хатар ворид созанд.
Хатарҳои тафаккури ифротӣ ба давлатдории миллӣ:
Хатари якум: Гурӯҳҳои ифротӣ мухолифи Истиқлоли давлатӣ, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ ва дар умум давлати миллии муосири Тоҷикистон буда, расман нақша доранд, ки давлати миллии моро аз байн баранд;
Хатари дуюм: Ифротгароён ба тарзи зиндагии ҷомеаи мо мухолиф буда, беҳуқуқиро таҳмил ва ба сари миллат маҷбуран бор мекунанд; Хатари сеюм: Гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳувияти сиёсӣ, асолати таърихӣ, нажодӣ, фарҳангии мо шадидан мухолиф буда, онро бераҳмона аз байн бурданианд; Хатари чорум: Гурӯҳҳои ифротӣ маърифат, адабиёт ва фарҳанги миллии моро зери савол ва маҳкум намуда, онро мехоҳанд аз байн баранд; Хатари панҷум: Ифротгароён мазҳаби ҳанафиро нодуруст ва бидъат дониста, пайравони онро мусулмонони нокомил меҳисобанд. Ин мавқеи онҳо боиси сар задани буҳрони ҷиддии ақидатӣ дар ҷомеа мегардад, ки оқибатҳои ногувор пеш меорад; Хатари шашум: Гурӯҳҳои ифротгаро нисбати мазҳабҳои гуногуни исломӣ назари оштинопазир дошта, ҳамзистии осоиштаи байнимазҳабиро намехостанд. Ба ин восита онҳо ба ваҳдати миллӣ, суботу амният ва ҳатто мавҷудияти миллат ва давлати ягонаи Тоҷикистон хатар ба вуҷуд меоваранд;
Хатари ҳафтум: Андеша ва ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ силоҳи муборизаи қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати ба Тоҷикистон роҳ ёфтани онҳо, кишвари мо ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил меёбад. Дар натиҷа, на танҳо суботу амният, балки истиқлолу мавҷудияти Тоҷикистон ба хатари воқеӣ рӯбарӯ мегардад. Афсӯс, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва кӯтоҳандеши мо бинобар надоштани тафаккури миллӣ, саводи кофии дунявию динӣ бо ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ шомил гардида, эътибори волидайн ва кишвари худ, яъне Тоҷикистонро бадном месозанд. Хулоса, моро зарур аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият Истиқлоли сиёсии худро на танҳо бо шиор, балки бо меҳнати софдилона таҳким бахшем, ҷавонон, бавижа насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия кунем ва ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намоем.