img
ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРИ МИНТАҚАВИИ СБМ БАРОИ АВРУПО ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Санаи 11 июни соли 2025 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, ки ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 113-уми Конфронси байналмилалии меҳнат дар Женева қарор дорад, бо директори минтақавии Созмони Байналмилалии Меҳнат барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Беате Андреас вохӯрӣ намуд.

 

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда,  натиҷаҳои татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020 – 2024-ро муҳокима намуданд.

 

Зимнан ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаи Нақшаи амал оид ба ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2025-2026 зудтар баррасӣ ва ба тасвиб расонида шавад.

 

 

 

 

12.06.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ