img
КОР ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ

Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа"-и Вазорати мехнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро, ки ҳамчун пешхизмат дар Арабистони Саудӣ кор кардан мехоҳанд, санаи 27.02.2025, соати 10:00 барои иштирок дар мусоҳиба бо намояндаи ширкати "Арко"-и Арабистони Саудӣ даъват менамояд.

Раводиди кории 2 сола аз ҷониби корфармо дода мешавад.

Талаботи зерин ба инобат гирифта мешавад:

1. Синну сол аз 21 то 35 сола;

2. Музди меҳнат 2500 риёл (7000 сомонӣ );

3. Донистани забонҳои англисӣ ва арабӣ (дар сатҳи муошират):

4. Надоштани доғи судӣ.

 

Макони баргузории мусоҳиба бинои МД “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа” воқеъ дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, бинои 108,

тел: 221-39-67, +992555551080, +992987906666, +992930934994, +992934535193 ва +992918888679.

26.02.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ