Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 10 январ Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муқаррар шудааст. Бахшида ба ин рӯз ба унвони АМИТ АМИТ «Ховар» мақолаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода расид, ки манзури хонандагон мегардонем.
Яке аз масъалаҳои ташвишовари инсоният дар ҳама давру замон ва дар тамоми миқёси давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон коррупсия мебошад.
Воқеан давоми даҳсолаҳои охир бинобар хусусияти фарогир пайдо намудани он мубориза бо коррупсия ба яке аз масъалаҳои калидии таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа табдил ёфтааст. Ин падида бо таъсири номатлуби худ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: иқтисодиёт, сиёсат, идоракунии давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ ва маънавиёти ҷомеаро фаро гирифта, дар ин ё он шакл ба ҷамъияту давлат зарар мерасонад.
Коррупсия имрӯз ҳам хатари ҷиддии худро нигаҳ дошта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси як беморӣ доман густурда, ба яке аз мавзуъҳои мубрами рӯз ва муаммои душвори замони муосир табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.
Дар ҷаҳони муосир дар асноди меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд. Яке аз мафҳумҳои бештар маъмули коррупсияро Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудааст, ки он чунин аст: «Коррупсия — суиистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад».
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ки 7 августи соли 2020 қабул гардидааст, мафҳуми коррупсия ҳамчун кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имконияти он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил намудан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ шарҳ дода шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо корррупсияро вобаста ба таъсироти манфии он ба масоили умда шарҳ дода, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки «коррупсия зуҳуроте мебошад, ки ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.
Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад».
Бо инобати аз тамоми ҷабҳаҳо зараровар будани ин падидаи манфур Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ хавфи воқеии онро дар таъмини инкишофи минбаъда дарк намуда, мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дод.
Хиради азалӣ ва заковати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди бо нангу номуси Ватанро водор менамояд, ки бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ дар роҳи муқовимат ба коррупсия ва паст намудани шиддати он дар мамлакат бетараф набошанд.
Зеро маҳз иродаи Пешвои муаззами миллат ҳамчун сарчашмаи асосии ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат арзёбӣ гардида, ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи ин абармарди барҷаста беназир мебошанд.
Давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ҳанӯз ба ҳамоиш наомада буданд, ки аллакай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои мушаххас дар ин самт оғоз гардида буд.
Чунончи, 21 июли соли 1999 Фармони Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба тасвиб расида, ҷиҳати амалисозии воқеии муқовимат алайҳи ин зуҳурот 10 декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул шуд, ки минбаъд ин қонун бо инобати уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардид.
Дар сатҳи байналмилалӣ бо дарки саривақтии оқибатҳои ногувори хатари коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсияро ба имзо расонида, соли 2008 онро тасдиқ намуд ва ҳамчун қисми таркибии низоми қонунгузории давлат эътироф намуд.
Таъсис додани Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо созмон додани комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамзамон дар се маврид таҳия ва амалӣ намудани стратегияҳои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 ва барои давраи то соли 2030, ки дар айни замон низ татбиқи он ҷараён дорад, шаҳодати сиёсати ҳамоҳангшудаи зиддикоррупсионӣ бо ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва сохтору мақомоти давлатӣ дар пешгирӣ ва муборизаи дастҷамъона бо ин падидаи манфӣ маҳсуб шуда, нишонаи ташаккули маърифати ҳуқуқию фарҳангии сокинони мамлакат дар муқовимат ба коррупсия мебошад.
Ҳоло аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст. Дарвоқеъ, сатҳи муқовимат ба коррупсия дар ин ё он давлат аз сиёсати пешгирифтаи зиддикоррупсионии ҳар давлат вобастагӣ дорад. Тавре дида мешавад, сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи иродаи ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади коҳиш додан ва батадриҷ решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳои бо коррупсия алоқаманд равона гардидааст.
Қобили тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои муҳимми дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия- ин бо ташаббуси сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта таъсис дода шудани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он ба ҳайси мақоми махсусгардонидаи муқовимат ба коррупсия шуруъ аз 10 январи соли 2007 фаъолият дорад.
Албатта, ин иқдом изҳори мавқеи устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи оштинопазир бо коррупсия ва таҳаммулнопазирии он ба ин зуҳуроти номатлуб маҳсуб шуда, ин рӯйдод дар таърихи ҳаёти ҳуқуқии мамлакат саҳифаи нав боз намуд. Бояд гуфт, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ташкилию ҳуқуқии мақомот ва амалисозии сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон батадриҷ мустаҳкам шуда, ҷиҳати гузоштани заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти муқовимат алайҳи ин падидаи манфур дар маҷмуъ зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии комил қабул, ҳамзамон ҷиҳати мутобиқгардонӣ ба кодексҳою чандин қонунҳои ҷорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шуданд.
Мисоли ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» буда метавонад, ки ба ин қонун дар давраи амали он 8 маротиба дар 66 меъёри он тағйиру иловаҳо ворид шуданд.
Воқеан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 25 июни соли 2005 қабул шуда, давоми ин солҳо пайдоиши ҳолатҳои нави содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва тарзу усулҳои нави муқовимат ба он зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани ин қонунро ба миён овард.
7 августи соли 2020 ин қонун дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» қабул гардид ва дар муқоиса бо сохтори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» тафовути зиёд дошта, дар он 2 боб ва 18 моддаи нав илова ва мафҳумҳои дарбаргиранда назар ба қонуни қаблӣ мукаммал ва мушаххас ифода шуданд. Имрӯзҳо бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои паст намудани шиддати коррупсия, муқовимат ба ин падидаи номатлуб, ошкор, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва бартараф намудани сабабу шароити ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд мусоидаткунанда муқаррар шудаанд.
Бо дарки оқибатҳои нангини омилҳои коррупсионӣ муқовимат ба он яке аз вазифаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон боқӣ монда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд чораҳои муассир амалӣ мешаванд.
Амалияи татбиқи санадҳои байналмилалӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҷрибаи давлатҳои пешқадами дунё аз он шаҳодат медиҳад, ки дар шароити имрӯза муқовимат ба коррупсия бояд хусусият ва моҳияти дастҷамъӣ дошта бошад, зеро танҳо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба коррупсия ва паст намудани шиддати он басанда нест. Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандиро низ зарур аст, ки бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муқовимат ба коррупсия саҳм гузорад.
Барои ноил гаштан ба ҳадафҳои сиёсати зиддикоррупсионӣ ва ҷиҳати муқовимати самаранок ба коррупсия ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи маҷмуи воситаву усулҳои муосир роҳҳои муҳими пешравӣ дар ин масъала ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бисёр саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ ҳисобида мешавад.
Воқеан то он даме, ки мафкураи ҷомеа тағйир дода нашавад, то он даме, ки ҷомеа падидаҳои коррупсиониро чун зуҳуроти бадиву бадкирдорӣ қабул насозанд, ташаббусу иқдоми наҷиби давлат дар ин самт натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Дар мубориза ба муқобили коррупсия саҳми аҳли ҷомеа хеле пурарзиш дониста мешавад. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, муассисаву корхонаҳои давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма дар амалигардонии пешгирии коррупсия воситаҳои гуногуни он, аз қабили тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, мониторинги зиддикоррупсионӣ, экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чораҳои назорати давлатии молиявиро васеъ ба роҳ монда, мунтазам кор мебарад.
Дар ташкилу баргузор намудани чораҳои пешгирии коррупсия ва муқовимат ба он нақши воситаҳои ахбори омма муҳим арзёбӣ мешавад. Имрӯз аксарияти шаҳрвандон тавассути телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаи интернет иттилооти заруриро доир ба ин ё он масъала дастрас менамоянд. Яке аз роҳҳои асосии иттилоотонии ҷомеа- ин сомонаҳои интернетӣ ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути он шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ин васила паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Аз ин лиҳоз, ҳамкории мутақобила бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори муқовимат ба коррупсия бо истифода аз тамоми воситаву усулҳои муосир ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақомоте аст, ки ҷиҳати амалигардонии муқовимат ба ин падидаи номатлуб бо ваколати гузаронидани назорати давлатии молиявӣ, фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, пешбурди таҳқиқу тафтиш, бахусус пешгирию муқовимат ба ин падидаи номатлуб махсус гардонида шудааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти Агентӣ собит менамояд, ки ин ниҳод аз уҳдаи иҷрои вазифаву масъулияти бар зиммааш гузошта бо сарбаландӣ баромада, дар таъмини амалишавии сиёсати зиддикоррупсионии мамлакат ва мустаҳкам намудани пояҳои иқтисодии мамлакат нақши созгор дорад. Кормандони Агентӣ ҳамчун афсарони шуҷои Ватан бо дастгирӣ аз сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат ва шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ баҳри халқу Ватани хеш содиқона хизмат менамоянд.
ПАЙВАНД Манбаъ: АМИТ “ХОВАР”