22 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Вазоати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 7-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид.
Зимни ҷаласаи мазкур менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер оид ба рафти татбиқи лоиҳа: вазъи сохтмони бинои Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе, баргузории курсҳои омӯзишӣ, раванди ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ ва роҷеъ ба дигар маълумоти рӯзмарра ба аъзоёни кумита гузориш карданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки омӯзиш дар марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ ва марказҳои рушди малакаҳо тибқи методологияи таълим дар асоси салоҳият ба роҳ монда шудааст.
Методологияи таълим дар асоси салоҳият (ТАС) - методологияи навовар буда, сифати баланди омодасозии мутахассисони коргариро барои фаъолияти меҳнатӣ тавассути ба даст овардани дониш, малака, маҳорати лозима, яъне салоҳият, ки дар шароити корӣ барои иҷрои супоришҳо ва ҳалли масъалаҳо дар ҳолатҳои стандартӣ ва муҳити тағйирёбанда талаб карда мешаванд, таъмин менамояд.
Муҳим он аст, ки методологияи мазкур муносибати масъулонаро дар корманд барои иҷрои босифати кор ташаккул медиҳад. Яъне тибқи методологияи ТАС зимни омодасозии коргар ба маҷмӯи дониш, малака, маҳорат ва муносибат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Аъзоёни кумита, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ҳастанд, омодагии хешро ҷиҳати мусоидат барои ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз соҳаҳои гуногун ба касбомӯзӣ дар марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ ва марказҳои рушди малакаҳо иброз доштанд. Дар фарҷом муовини раиси Кумита ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ба шахсони масъул дастуру супоришҳо доданд.