Имрӯз, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнат”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ маҷлиси умумӣ бо иштироки Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Холмаҳмадзода Солеҳа, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҳабибзода З.И. ва аъзои ташкилоти мазкур баргузор гардид.
Нахуст ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнат” шунида шуда, тибқи рӯзномаи маҷлис бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ташкилоти ибтидоӣ Холмаҳмадзода Солеҳа - раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнат” интихоб карда шуд.
Дар фарҷом якчанд нафар аъзои фаъоли ҲХДТ бо Сипосномаи Кумита иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино сарфароз гардонида шуда, ҳамзамон, ҷавонони фаъол ба сафи ҲХДТ ба узвият пазируфта ва дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбии онҳо супорида шуд.
Ҳамчунин, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино аз утоқии ҳизбии ташкилоти ибтидоии "Меҳнат"- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.