Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷику тоҷикистонӣ нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Имрӯз мо фарзандони бонангу баномуси миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон меболем ва ифтихор мекунем. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди фарзонаи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳ мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қайд намуданд, ки “Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.
Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем. Агар ба таърих назар афканем, дар солҳои навадум халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид, ки чандин ҳазор нафар ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошту бесарусомонӣ дар кишвар ҳукмфармо буд.
Коршиносону сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ба ин ақида буданд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дуру дароз идома хоҳад ёфт ва он қариб метавонист давлати моро ба нестӣ оварда расонад. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ин вазъият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гурӯҳ ва минтақа болотар гузорад. Аммо дар Тоҷикистони оғӯштаи хуну оташи ҷанг ва мотамзада касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулро ба дӯши худ гирад.
Моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд (дар мавзеи таърихии он Қасри Арбоб) Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шурои Олиро доир намуда, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд.
Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба мансаби давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам оварда, аз ҷанги бемаънӣ, тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд. Бо вуҷуди ин, мавқеъҳо ҳанӯз ниҳоят дур ва ранҷишҳо басо зиёд буданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли мушкилотро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт.
Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”.
Мо шаҳрвандони ин диёри биҳиштиро ифтихор мебояд, аз он, ки чунин Ватани зебо насибамон шудаву дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ризоияту Ваҳдати миллӣ умр ба сар мебарем. Аз мо фарзандони ин миллат ва шаҳрвандони ин давлат чизе талаб намегардад, ҷузъ ин ки ба қадри ҷоннисориҳои бузургону аҷдодони миллати хеш расида, даст ба дасти ҳам гирифта, мушти пурзӯре шавем, пароканда набошем ва ин миллату ин Ватанро, ки тоҷику Тоҷикистон ном доранд, ҳимоя карда, муттаҳиду дӯст, бародару баробар бошем ва Ваҳдати миллиамонро ҳифз намоем, чунки бақои миллат дар Ваҳдати миллист.
Бураков Амриддин,
Муовини директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе