img
ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Таърихи 30 июли соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳти роҳбарии Муовини раиси кумита – вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулнора Ҳасанзода баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласаи Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №373 «Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии шаҳрвандони бекор» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Дар рафти ҷаласа оид ба раванди татбиқи қарори болозикри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва панҷ моҳи соли 2024 ҳисоботи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин ва ҳисоботи муовини Раиси вилояти Хатлон - Раиси кумитаи маҳаллии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед шунида шуд.

 

Дар муҳокимаи масъалаи баррасишуда аъзои Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ - намояндагони вазорату идораҳо фаъолона иштирок намуда, дар фарҷоми ҷаласа бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои арзшуда, қарорҳои дахлдори ҷаласа қабул гардид.

 

 

31.07.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ