Ҳунар мисли чароғест, ки дар зулмоти шаб роҳи моро равшан месозад. Моро сарбаланду соҳибиззат мегардонад. Бузургиву манзалати ин неъмати бебаҳоро ҳамагон тасдиқ намудаанд. Мумкин аст, молу мулки андӯхтаамонро аз мо рабоянд, вале касе наметавонад, ҳунари дастонамонро ба яғмо барад. Аз ҳамин сабаб, ҳамаи моро зарур аст, ки ҳунар омӯзему андӯзем, на молу мулку сарват.
Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.
Заҳмату кору ҳунар касро намоянд номдор,
Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.
Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро баҷою бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае беманфиат гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад. Ҳунарҳои волои ҳунармандони асилро дида бешубҳа ононро ҳунармандони бузургро номгузорӣ мекунем, ки ин номҳои бузург бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеоянд. Барҳақ гуфтаанд:
Бе дарду ранҷ, ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.
Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эхтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод аст. Яъне ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намояд, ки боиси рӯзгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад.
Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад ҳамеша чизеро омузад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба касе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани ӯ ва ҳам барои худаш манбаи омӯзиш бошад.
Вобаста ба ин, дарҷ намудан ба маврид аст, ки эҳё кардани ҳунарҳои мардумӣ талошест барои муаррифии таърихи бисёр асраи миллат ва тамаддуни зиндагисози гузаштагони накӯноми мост, ки аз сиёсати бобарори пешгирифтаи фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Ҳунарҳои мардумии тоҷикон, ки аз қаъри асрҳо сарчашма мегиранд, бозгӯи онанд, ки миллати мо ҳанӯз аз даврони бостон соҳиби маданияти хоси рӯзгордорӣ ва фарҳанги сабақомӯзи шаҳрнишинӣ будааст.
Дар муайян кардани қадру қимат ва мақому манзалати ҳар шахс ҳунари ӯ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Ин меъёрро донишмандон муқаррар кардаанд. Дар ҳақиқат, ҳунар арзиши баланд дорад ва ҳар касе, ки соҳибҳунар аст, дар ҷомеа сазовори эҳтиром хоҳад буд.
Халқи тоҷик аз қадим ба ҳунар меҳру муҳаббати беандоза дорад ва яке аз вазифаи ҳар падару модар он аст, ки ба фарзанд касбу ҳунар омӯзад. Аҷдодон ҳамеша барои ҳунар омӯхтан мекӯшиданд ва ҳунарҳое, чун заргарӣ, оҳангарӣ, кулолӣ, мисгарӣ, дуредгарӣ, меъморӣ, ҷувозкашӣ, осиёбкашӣ, пазандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва асмоли ин дар байни онҳо хеле маъмул буданд.
Воқеан ҳам, фароҳам овардани шароит барои ҳунармандон, хусусан бархӯрдор гаштани онҳо аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардид, имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, аз ҷумла маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ афзоиш ёбад, ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд ва сатҳи некуаҳволии мардум баланд бардошта шавад.
Хоҷаев Муҳибулло
Мутахассиси шуъбаи таълими калонсолон ва рушди ҳунарманди