img
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "МЕҲНАТ" БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТ

17 апрели соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи пойтахт бо иштироки ҳайати васеи кормандони Вазорат таҳти раёсати муовини якуми вазир Каримзода Насим ва ташрифи Ҳабибзода Зоҳир Иззат - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

 

Ҷаласаро Каримзода Насим оғоз намуда, доир ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, аҳамияти сиёсию иҷтимоии он ва хусусиятҳои фарҳангию таърихии  Пойтахт нуктаҳои муҳимро хотиррасон карданд.

 

Ҳамчунин, дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино - Ҳабибзода Зоҳир Иззат зимни баромади васеъ ва пурмуҳтавои худ шаҳри Душанберо симои давлату миллати тоҷик арзёбӣ намуда, мавсуф таъкид намуд, ки пойтахти кишвари мо дар марҳилаи рушди бесобиқа қарор дорад.

 

Маърӯзакунандагон қайд намуданд, ки ҳар миллате, ки дар арсаи таърих соҳиби давлатдории устувор мегардад, пойтахти он ҳамчун оинаи равшани сатҳи рушд, фарҳанг, худшиносӣ ва иродаи сиёсии он миллат ба ҷаҳон муаррифӣ карда мешавад. Пойтахти азизи мо  - Душанбе имрӯз на танҳо маркази сиёсӣ, маъмурӣ ва иқтисодии кишвар аст, балки рамзи давлатдории муосир, ваҳдату суботи миллӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

 

Дар солҳои охир шаҳри Душанбе бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва заҳмати софдилонаи сокинони меҳнатқарин ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гардидааст. Дар ин давра даҳҳо лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ амалӣ гардида, симои меъмории шаҳр куллан тағйир ёфт. Бунёди роҳҳо ва пулҳои муосир, таҷдиди кӯчаву хиёбонҳо, рушди шабакаи нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ворид намудани нақлиёти нави ҷамъиятӣ, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон мусоидат намуд.

 

Дар идомаи чорабинӣ маърӯзаи котиби ташкилоти ибдитодии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Меҳнат” дар вазорат Баҳодуров С. оид ба саҳми аъзои ҳизб дар рушди пойтахт пешниҳод гардид.

 

Маҷлис дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардида, дар фарҷом аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, то дар доираи "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" бо эҳсоси баланди масъулият ва қарзи шаҳрвандию фарзандӣ дар назди Ватани маҳбуб баҳри вусъати равандҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Пойтахт ва тақвияти маърифати шаҳрнишинии сокинон саҳм гузоранд.

18.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ