Санаи 6 июни соли 2024 дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия баргузор гардид. Қисмати тоҷикистонии гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафарбар гардиданд.
Дар доираи ҷаласаи гуруҳи корӣ масъалаҳои амалишавии Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, рафти иҷрои муқаррароти ҷаласаи 6-уми гуруҳи корӣ, лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишнома мазкур, омода намудани ҳуҷҷатҳои пеш аз сафар, аз ҷумла гузаштани ташхиси тиббӣ ва гирифтани шаҳодатномаи донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бо дарназардошти иқомати аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия аз мавзӯъҳои калидии музокироту гуфтушунидҳо миёни мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошад. Аз соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мавриди амал қарор дорад.
Бо назардошти вазъи воқеъӣ ва зарурати фароҳам овардани шароитҳои ҷолиб барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи муташаккилона сафарбар мегарданд, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.