Паёмат сарнавишти роҳи фардост,
Паёмат номуси имрӯзу фардост.
Ба қалби мо бувад ҷои паёмат,
Ҳама бахту саодат ҳамраҳи мост.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола, ки бо фарогирии ҷамъбасти солонаи фаъолият ва дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, инчунин, дигар самтҳои асосии вазъи дохилаву хориҷаи кишвар ироа мегардад, ҳамзамон, вазифаҳо барои соли ояндаро тарҳрезиву нақшабандӣ намуда, дастури раҳнамо ва фаъолияти ҳар як вазорату идора маҳсуб ёфтаву барои мо соҳибватанон зарур ва муҳим арзёбӣ мегардад, ки раҳнамои пешравиҳо дар тамоми қишри ҷомеаи миллии мост.
Дар Паёми ҳисоботӣ ва вазифаҳо, ки баҳри рушди имсолаи кишварамон равона гардидааст, Президенти кишвар, пеш аз ҳама, оид ба масоили кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ки бартараф гардидани он худ рушди бемайлони кишвар маҳсуб мешавад, таваҷҷуҳи беандоза изҳор дошта, ҳамзамон, супориш доданд, то дар давоми 7 соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ ба 10 дарсад кам карда шавад, зеро ин омил моро водор месозад, то дар соли равон тавассути татбиқи самараноки барномаҳову нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллиамон дар сатҳи нак кам аз 8% таъмин карда шавад.
Ин нуктаҳо, ки ба зиммаи ҳар як вазорату идораҳои дахлдор, вогузор гардидааст, мо саҳмгузорон дар пешбурди сиёсати давлатии забонро низ вазифадор мекунад, то дар дар раванди амалисозии бандҳои Нақшаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиддӣ муносибат кардаву аз масъулон вазъи иҷрои масъалаҳоеро, ки барои татбиқи онҳо вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадор ва масъул мебошанд, талаб намоем ва барои рушди шуғлу фаъолияти пурсамари онҳо дар ин самт машваратҳои судманд додаву тавсияҳо пешниҳод намоем.
Ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати кишварамон қарор дорад ва Пешвои миллат моро вазифадор намуданд, ки барои расидан ба пешравии ҳадафҳо дар соҳаҳои болозикр ҳама гуна тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Президенти кишвар бо амалисозии ҳамин гуна мақсадҳо дар Паёми хеш баён доштанд: «Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдогардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд».
Ҳамзамон, бо назардошти аҳаммияти бузурги саноат дар рушди минбаъдаи кишвар ва ба сатҳи баланди некуаҳволӣ ҳарчи бештар расидани мардуми кишвар, мо аз Паёми соли 2021 огаҳ ҳастем, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намудаанд ва дар баробари назар ба солҳои пешин 2,4 баробар зиёд гардидани нишондиҳандаи маҳсулоти саноатӣ дар кишвари мо, дар раванди саноатикунонии бо суръати кишвар масоили аввалиндараҷаву муҳимми ҳалталаб, аз ҷумла, фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокӣ дар истеҳсоли маҳсулот самтҳои мухталифи он, нарасидани маблағҳо барои гардон кардани корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос ва ё тамоюлҳои коҳишёбии содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ ба мушоҳида мерасанд, ки дар ин самт баланд бардоштани ин тадбирҳои мушаххас андешиндан лозим меояд.
Ҳамзамон, қадамҳои устувору назарраси ҳукумати кишвар дар роҳи бузурги истеҳсоли “Энергияи сабз” ва содироти он яке аз масоили калиди пешрафти кишвар ва ҷомеаи милли мо мебошад, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегават расондани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли “энергияи сабз”, яъне бо истифодаи захираҳои офтобию бодин тадбирҳои амалӣ андешем, ки то солҳои 2032 истеҳсоли барқ дар кишварамон садфоиза бо “энергияи сабз” иҷро ва таъмин гардида, партови газҳои гулхонавӣ то ҳадди охирин коҳиш дода мешавад.
Қадамҳои Ҳукумати кишварамон бо дарназардошти фаровонии захираҳои барқию обӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ устуворона ба назар мерасад.
Дар ин давра, яъне соли 2023, ки иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ин дар муқоиса ба 5 соли охир (соли 2017) 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд.
Дуюм: барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия (филизгудозӣ) суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад.
Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Чорум: ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад.
Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд. Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем.
Яъне, бо ироаи Пешвои миллат “Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” то соли 2037 воқеан, ба “кишвари сабз” табдил меёбад, ки айни замон, кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол мекунад.
Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд.”....
Бо ин мақсадҳо, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла супориш доданд, ки «Дар робита ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.», - ва ҳамин дастуру супоришҳо ҳар як устоду масъули ин мақомотҳои болозикр, аз ҷумла, таълимгоҳҳоро вазифадор мекунанд, то дар роҳи таълими насли наврасу ҷавон ҷиддӣ муносибат намоянд ва бо фароҳам овардани шароиту маводди замонавии ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ дастурҳои таълимиро таҳияву пешниҳод карда, ба фарзандони мардум мисли фарзанди хеш муомилаву муносибат намоянд.
Бо дарназардошти амалисозии пешаву амалҳо ва дурнамои ин иқдомот бояд ки ҳарчи барвақттар барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ намоем. Зеро дар тамоми давру замонҳо маҳз, самари неку пурбори дабистон инсонсозу ҷомеасоз буда метавонад, ки натиҷаи он дар сурати беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй рӯзгори ободу осоишта ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум дар ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, моро ҳушдор месозанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф асту ба он бояд эътибори ҷиддӣ диҳем.
Зеро агар забони модарӣ моро чун миллати дорои фарҳангу адаб ва тамаддунофар муарри намояд, пас забонҳои хориҷӣ шаҳпулеро мемонанд, ки моро бо олами мутамаддин мепайвандад. Ва маҳз, тавассути забонҳои хориҷӣ мо бо ҳар як дастоварди ҷаҳон ошно мешавему дороии илмию маънавии хешро ба онҳо муаррифӣ менамоем, ки ҷиҳати мусбати забономӯзӣ ҳам дар ҳамин раванд ба ҳар як миллат манфиатовар аст.
Паёми имсоларо ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххасро баҳри амали намудани он ба аъзоёни Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад. вазифадор намуданд.
Мо кормандони Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» тасмим гирифтм ки бо мақсади амалӣ гардидани Нақшаи Паёми имсола ва дурнамои он барои солҳои минбаъда зарур аст, ки дар баробари ба роҳ монданиу шароит фароҳам овардан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисоси кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро сармашқи кори худ қарор диҳанд.
Исмоилов Б. У.
Самутахассиси Шуъбаи мониторинг ва арзёбии
МД «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии
кормандони низоми меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолӣ»