Дар Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Каримзода Насим Самиҷон, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҳакимзода Муҳамадалӣ, нозири калони ҳамин раёсат Раҳмон Диловар Шуҳрат, муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсия Акрамзода Ёсуман дар ҳайати васеи кормандони Вазорат вобаста ба Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия омўзиши идоравӣ баргузор гардид.
Раҳмон Диловар Шуҳрат, муовини сардори раёсати муқовимат, Акрамзода Ёсуман муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсия, Ҳакимзода Муҳамадалӣ сардори раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вобаста ба Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” бахусус, дар бораи бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси самаранок иҷро нагардидани ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба корупсия мегарданд, сабабҳои самаранок иҷро нагардидани ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ самти мазкур баромад намуданд.
Инчунин зимни баромади масъулин гуфта шуд, ки корупсия падидаи номатлуб ва манфии ҷомеа буда, рушди он барои пешрафти иқтисодиёти давлат монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.