img
ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба “Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеъ ширкат варзида, аз саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолият, ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияту суботи ҷомеа ёдовар шуданд.

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ рисолати таърихии худро бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши муассир гузоштааст. Воқеан хизмат ба Ватан шарафи бузург буда, ҳар як ҷавонмард бояд эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро дар ниҳоди худ парвариш намояд.

 

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои душвори ташаккулро паси сар намуда, ба як неруи муназзам ва муосир табдил ёфтааст. Баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаи нав, такмили донишу малакаи ҳайати шахсӣ ва таҳкими интизоми ҳарбӣ аз ҷумлаи дастовардҳои солҳои охир ба шумор мераванд. Артиши миллӣ имрӯз кафили сулҳу субот ва амнияти давлат мебошад.

 

Дар воқеъ таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ ба неруи пуриқтидор ва муосир табдил ёфта, имрӯз бо омодагии баланд рисолати муқаддаси худро иҷро менамоянд.

 

23-юми феврал на танҳо рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, балки рӯзи ифтихор аз давлатдории мустақил, рамзи садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбиест, ки бо ҷоннисорӣ амнияти кишварро таъмин менамоянд.

24.02.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ