img
ИЛМ – САРЧАШМАИ ҶАШНИ САДА

Сада ҳамчун ҷашни бостонӣ ва аҷдодии мо, ҳамсони ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик қадру қимат ва манзалати хоса дорад.

 

Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашни аҷдодӣ эҳё гардид ва мақоми ҷашни миллии расмиро касб намуд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садаро ба ҳайси як рукни устувори худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мешиносад ва моҳияти онро аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат медонад.

 

Тавассути саъю кӯшиш ва ҷаҳду талошҳои хастанопазири Сарвари ватандӯст, худогоҳу худшинос, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Сада - яке аз куҳантарин ва арзишмандтарин ҷашнҳои мо – тоҷикон, ҳамчун ҷашни нуру гармӣ ва ҷашни пирӯзии ақлу заковат бар ҷоҳиливу навмедӣ эҳё гардид.

 

Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат эҳёи Ҷашни Сада дар заминаи воридсозии тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути раванди ташкил ва баргузории ҷашнҳои миллӣ сурат гирифт. Мутобиқи тағйиру иловаҳои аз 2 январи соли 2018 таҳти №1489 ба  моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, таҳти №753 илова гардида, Ҷашни Сада расман ҳамчун рӯзи ид эътироф гардидааст ва ҳамасола 30 январ таҷлил карда мешавад.

 

Кулли  чорабиниҳои расмии ҷашнӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ дар сатҳи давлатӣ баргузор мегарданд. Қонуни мазкур мақомоти давлатиро муваззаф месозад, ки  ҳамасола барои баргузории Ҷашни Сада шароити мусоидро фароҳам оварда, масъулин раванди барафрӯхтани гулханҳо, баргузории барномаҳои ҳунарӣ, татбиқи чорабиниҳои соҳаи кишоварзӣ ва таблиғи анъанаҳоро дар сатҳи баланд ва  ҷавобгӯйи талаботи соҳаҳои иқтисод ва фарҳанги муосир роҳандозӣ намоянд. Ин иқдоми басе саривақтӣ ва муассир дар ҷодаи эҳё ва ҳифз намудани мероси фарҳангии ғайримоддии миллӣ маҳсуб меёбад.

 

Уламои соҳаҳои таъриху фарҳанг собит намудаанд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии тоҷикон ба шумор меравад, ки ҳар сол дар рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва он  мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад.

 

Сада  рафтани фасли дай ва муждаи нахустини фасли баҳор ва омодагии кишоварзон ба мавсими киштукор мебошад. Кишоварзон ҳамасола дар ин айём ба кандану тоза кардани каналу ҷӯйборҳо, кишт кардани замин, пошидани маводи ғанигардонии заминҳои кишт ва тайёр намудани тухмӣ барои кишт машғул мешуданд.

https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/01/Sada2020-14.jpgБа қавли донишманди тоҷик Зубайдулло Давлатов: “Имрӯз Сада дар Тоҷикистон танҳо ҷашни таърихӣ нест, балки абзори худшиносӣ ва эҳёи фарҳанг мебошад.”

Ҳамзамон, воқеъбинона таъкид бар он мекунад, ки фалсафаи аслии Сада пирӯзии ақл бар сармо, торикӣ ва бесару-сомонӣ мебошад. Оташ нишонаи дониш, ҳушёрӣ ва созандагист, на ибодат.

Ў Комилан ҳақ аст, вақте иброз медорад, ки Ҷашни Сада воқеан ҳам асоси илмӣ дорад ва он танҳо як ойини суннатӣ ё рамзӣ нест, балки падидаест, ки дар пояи тафаккури илмӣ ва таҷрибавии инсони бостон шакл гирифтааст.

Дар баробари ин, Ҷашни Сада ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон анъана ва русуми ниёгонро дар худ маҳфуз медорад ва решаи он аз ибтидо то ба ҳамин рӯз бо табиату кайҳон ва вазъи иҷтимоии аҳли башар равобити мунтазам ва ногусастанӣ дорад. Заминаи пайдоиш, инчунин  такягоҳи минбаъдаи он кашфиётҳое ҳастанд, ки ба нафъи аҳли ҷомеаи башарӣ хизмат мекунанд. Кашфи оташ, ихтирои оҳан, дастёбӣ ба улуми риёзӣ, кишоварзӣ, тиб ва ғайра.

 

Худи Ҷашни Сада аз иқдомоти Каюмарс сарчашма мегирад. Тибқи ривоёти «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Каюмарс аввалин шахсе  буд, ки тартиби муназзами ҳукуматдориро бунёд гузошта, пеш бурдааст. Шоҳ Ҳушанг бошад, аҳли ҷомеаи замони худро бо обёрӣ ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ ошно сохтааст ва ба онҳо ҳунари пешбурди соҳаи кишоварзиро омӯзонидааст. Кашфи оташ ва таҷлили Ҷашни Сада ба Ҳушанг нисбат дода мешавад.

 

 Хурду бузурги миллати тоҷик аз аҳди бостон то кунун Ҷашни Садаро бо як ҷаҳон умеду орзуҳо интизорӣ мекашанд ва онро таҷлил мекунанд. Ҷашни Сада бо рақсу суруд дар гирди оташи бузург, ба намоиш гузоштани неъматҳои меваҳои хушк ё тоза баргузор мегардад. Кишоварзон Ҷашни Садаро сароғози корҳои худ мешуморанд. Деҳқон ба кишти замину боғбон ба шинондани дарахтону буттаҳо машғул мешавад.

 

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз Ҷашни Сада дар саросари ҷаҳон ҳамчун як унсури барҷастаи мероси фарҳангии зиндаи башарият эътироф гардидааст ва он сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон мебошад. Инро дохилшавии Ҷашни Сада ба Феҳристи намояндагии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият – ЮНЕСКО дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Касане (Ҷумҳурии Ботсвана) рӯзи 6 декабри соли 2023 собит месозад. Ин номинатсияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон мебошад. Ҷоизи қайд аст, ки номинатсияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон дар навбати худ рамзи пайвандҳои амиқи таърихӣ, забонӣ ва тамаддунии ду халқ буда, ба анъанаи қадими ориёӣ бармегардад.

 

Ҳамин тариқ, Ҷашни Сада воқеан ҳам муттаҳидсозандаи тамоми хурду бузург ва қишрҳои мухталифи ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад ва онро метавон як рукни устувори пешрафти минбаъдаи кишвар шинохт. Бо истифода аз фурсати муносиб кулли кормандони соҳаро  бо фарорасии Ҷашни Сада сидқан ва бо самимияти хоса табрику таҳният мегӯям. Рӯзгори осуда ва тавфиқи ҳамешагӣ дар пешбурди корҳоятон бод!

 

Ҷашни Сада муборак, ҳаммаслакони арҷманд!

 

                                                   Маҳмадбекзода Моёншо,

                                                          д.и.с., директори МД “Пажӯҳишгоҳи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”

 

30.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ