img
Забони мо- Ҷаҳони мо

Забон- воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон аст .Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва зуҳури ҳар ду ба меҳнат вобастагӣ дорад.Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне оинаи фарҳангии халқ аст . Инсон фикри худро бо роҳи гуногун (имову ишора, рафтор, ранг садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи асосӣ ифодаи фикр ин забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад .Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи олӣ расидаанд.

 

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостони ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна, забони форсии нав. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи Тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумур, мисли Рӯдакӣ Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдии Шерозӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва дигар шоирону нависандагон асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро афзунтар гардонидаанд.

 

Тоҷикон забони худро ниҳоят дӯст медоранд. Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баракс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Ба ин маънӣ, Бозор Собир дар шеъри “ Забони ватан ” чунин мегуяд:

 

Аз сари сад минбар афтодаанд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон додаанд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин Қадри сухан.

 

Дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён забони тоҷикӣ мақоми шоиста касб карда, доираи васеъро фаро гирифт. Баъди Инқилоб ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздиктар гардид.Тавлиди асарҳои устод Айнӣ мисли “Одина”, “Марги судхӯр”, “Ҷаллолидони Бухоро”, “Дохунда” ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, боғи фарҳангии миллатро зиннат додаанд. Минбаъд нависандагону шоирони тоҷик, мисли Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон доштанд. Барҳақ шоири тавоно М.Қаноат мегуяд:

 

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст.

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест нест,

Чунки меҳри модар аст.

 

Оре,ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд.Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ дар ҳаёт бо нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Мо забони худро бояд ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад

Донистани сад забон осон гардад.

 

Ҷашни забон ки ба ҳукми аъана даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ҳақиқат он рӯз яъне, 22 июни соли 1989, ки Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълон дошт, барои тоҷикон рӯзи таърихи гардид. Мақоми давлатӣ пайдо кардани Қонуни забон бори дигар моро ба донистани нозукиҳои забони модарӣ ҳидоят мекунад.

 

Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин мекунад. Илова бар ин, лозим аст, ки бо забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд. Боиси сарфарозист, ки ҳамасола рӯзи 5-октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо ҳамчун рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлатӣ таҷлил мегардад. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад.

 

Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқадасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихи ҳифз менамояд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни )Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат аст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.

 

Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқарароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ ба забони давлатӣ баргузор мегарданд, чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ва байни давлатӣ низ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

 

Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалии Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро боло бурдаанд.

 

Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.Пуштибони аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балкӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.  Маҳз, бо таъкидҳои Пешвои миллат–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалии Раҳмон бо суханрониҳояшон тоҷикону тоҷикзабононро кулли Ҷаҳон мешиносанд. Дар суханҳояшон иброз медоранд, ки “Забон яке аз рукнҳои Бунёди фарҳанг” аст. Бинобар ин, забондонӣ аз омилҳои фарҳангу маънавиёти ҳар фард мебошад.

 

Дар солҳои охир барои инкишофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар кишвар тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Набояд фаромуш кард, ки ниёгони мо аз гузаштаҳои дур ин забонро ҳамчун падидаи миллӣ ҳифз карда, онро то замони мо ба мерос гузоштаанд ва мо низ бояд ин ганҷи беназирро барои наслҳои оянда бо ҳамин покиву шевои тоза ба мерос гузорем. Дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ аз падару модар сар карда, то мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, муаллимону устодони мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, аҳли зиё ва умуман, тамоми ҷомеа бояд ғамхор ва саҳмгузор бошанд. Барои ҳар фарди тоҷик лозим аст, ки забони модарии худро омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад.

 

Бобомуродова Д.

Мутахассиси бахши умумӣ ва

иттилооти МД “Маркази такмили

ихтисос ва бозомӯзии кормандони

низоми меҳнат, муҳоҷират

ва шуғли аҳолӣ”

22.07.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ