Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа 11 апрели соли 2025 Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттонро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор сурат гирифт.
Қайд гардид, ки бо мақсади дастгирии муҳоҷирати бехатар ва танзимшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз моҳи августи соли 2022 инҷониб Созмони Байналмилалии Муҳоҷират бо маблағгузории Британияи Кабир лоиҳаи минтақавии асосии минтақавиро дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон амалӣ намуда истодааст, ки айни ҳол марҳилаи 3-юми он татбиқ шуда истодааст.
Дар доираи амали лоиҳаи мазкур дар Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Дар идома вазорат саҳми Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистонро барои дастгирии муҳоҷирати бехатар ва танзимшаванда хеле муҳим арзёбӣ карда, барои ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳо манзур намуд ва ҷонибҳо ҷиҳати амалӣ намудани онҳо изҳори умедворӣ карданд.