img
ШАРҲИ СТРАТЕГИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030 (ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2021, №166)

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарии муовини вазир - Ашурализода А. , Раҳимзода Умед – директори Маркази рушди касбият ва шуғлнокии ҷавонини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати васеи кормандони дастгоҳи марказии вазорат доир  ба “Шаҳри Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166)” омӯзиши идоравӣ баргузор шуд.

 

Раҳимзода У. қайд намуд, ки ҳадафи асосии Стратегияи мазкур ин амалисозии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Қонеъ гардонидани талаботи воқеии ҷавонон, ташаккули иштирок ва фаъолнокии онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ мегарданд.

 

Дар шароити ҷомеаи муосир ва талаботи афзуншаванда нисбат ба сармояи инсонӣ, сиёсати давлатии ҷавонон бояд омили рушд ва дигаргунсозиҳо дар кишвар гардад. Ин талабот аз ҳамаи иштирокчиёни раванди амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон таҳия ва ба таври муътадил амалӣ намудани муносибатҳоро тақозо менамояд, ки ба ҷалби мустақими насли ҷавон, ба ҳалли мушкилоти онҳо ва вазифаҳои умумимиллӣ нигаронида шудааст.

 

Ҳамзамон, доир ба рафти татбиқи Стратегияи мазкур ва натиҷаҳои бадастомада маълумот дода шуд. Дар фарҷоми машғулияти идоравӣ суҳбати озод ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

06.04.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ