Масъалаи шуғли аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии замони муоссир ба ҳисоб рафта, шуғли пурра ва самаранок барои рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши калидӣ дорад. Таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ сатҳи некӯаҳволии ҷомеаро баланд мебардорад. Роҳи асосии ҳалли мушкилоти шуғл касбомӯзӣ ба ҳисоб рафта, тағйироти шароити пешрафти илму техника ва бозори меҳнат пайдоиши талабот ба касбҳои навро тақозо менамояд. Ба осонӣ пайдо намудани ҷойи кор аз тарафи ҷавонон ва пайдо намудани мавеи худ дар ҷомеа дар асоси омӯзиши касбҳои муосир, аз қабили технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисӣ, соҳибкорӣ ва ҳунарҳои истеҳсолӣ амалӣ мегардад. Асосии омӯзиши касбҳои муоссир марказҳои касбомӯзӣ буда, ҷавонон дар марказҳои номбурда донишу малакаҳои амалиро андӯхта, барои пеш бурдани зиндагии мустақилонаи худ замина мегузоранд.
Таъсиси ҷойҳои нави кор омили муҳимми беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ шумораи зиёди ҷойҳои кориро муҳайё месозад. Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум натиҷаи бевоситаи шуғли устувор ва даромади доимӣ мебошад. Маоши муносиби шаҳрвандон имконияти баланд бардоштани сатҳи шароити зист, таҳсил ва саломатии мардум фароҳам меоварад. Ба ин тартиб, коҳиш ёфтани камбизоатӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ амалӣ мегардад.
Масъалаи шуғл, касбомӯзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ омили асосии рушди устувори ҷомеа мебошад. Бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин соҳаҳо, метавон сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта, ояндаи дурахшони кишварро таъмин намуд, ки ҳамасола дар Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рамон ба тамоми қишрҳои ҷомеа ироа мегардад. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ҳуҷҷати муҳимми роҳнамо буда, тамоми самтҳои афзалиятноки ҳаёти иҷтимои, иқтисодӣ ва сиёсиро дар бар мегирад.
Дар Паём оид ба масъалаи шуғл, касбомӯзӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки дар панҷ соли оянда дар кишвар бояд зиёда аз 1 милиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуда, ин нишондиҳанда омӯзиши касбу ҳунарҳои амалиро ба роҳ монда, яке аз самтҳои асосии пешбурди сиёсати давлат маҳсуб меёбанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан таъкид намуданд:
“Имрӯз ҳар як шахс бояд ҳунар дошта бошад, зеро шахси соҳибҳунар дар зиндагӣ роҳашро меёбад ва ба ҷомеа низ манфиат меорад”.
Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва филиалҳои он ҳамасола Паёмро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар асоси дастуру ҳидоятҳои он омӯзиши касбиро ба роҳ мемонад. Таҳо дар соли 2025 дар курсҳои касбомӯзии Марказ ва филиалҳои он зиёда аз 36 ҳазор нафар шаҳрвандон – ҷавонон, занону бонувон, шахсони бекор, муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва шаҳрвандони имконияташон маҳдуд (маъюбони гурӯҳҳои 2 ва 3) ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Марказ ва филиалҳои он бо назардошти талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва забономӯзиро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, ҷиҳати фарогирии бештари аҳолӣ дар минтақаҳои дурдаст корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ мунтазам анҷом дода мешаванд.
Бо ҳидояти бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саросар соҳибкасб намудани аҳолӣ ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст филиалҳои нави Марказ таъсис дода шуданд. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки аҳолӣ дар маҳалли зисти худ бе мушкилӣ, ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шаванд. Дар натиҷа, шумораи умумии филиалҳои Марказ ба 51 адад расид.
Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баёнгари ғамхорӣ нисбат ба ҳар як табақаи аҳолии кишвар аст. Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои касбомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, бори дигар собит менамояд, ки сиёсати иҷтимоии давлат ба ниёзҳои воқеии шаҳрвандон равона шудааст.
Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”, ҳамчун яке аз сохторҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ, ӯҳдадор аст, ки дар асоси Паём барномаҳои таълимӣ ва амалиро таҳия намуда, бо фарогирии ҳар чӣ бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои амалӣ, саҳми худро дар рушди ҷомеаи соҳибмаърифат ва соҳибкасб гузорад. Ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон ва занону бонувон, бояд аз имкониятҳои фароҳамовардашуда самаранок истифода намуда, бо дастгирии давлат ва ҳидояти Пешвои муаззами миллат, барои фардои дурахшони худ ва Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. Ин иқдом ба вусъати шуғли пурсамар, рушди иқтидори меҳнатӣ ва коҳиши муҳоҷирати иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Паём – сарчашмаи рушд буда, омӯзиш – калиди пешрафти ҷомеа мебошад. Ҳунар бошад, кафолати зиндагии шоиста аст.
Шамсов Рустам
Муовини директори
МД “Маркази рушди малакаҳои касбии муосир”