img
МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ШАРҲИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ДИН (ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2018,  №1042)

Санаи 5 феврали соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  муовини  вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ ва сармутахассиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода М машғулияти идоравӣ барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат дар мавзуи “Шарҳи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018,  №1042) баргузор гардид.

 

Сармутахассиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳиддин дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018,  №1042) маълумот дода, дар фарҷоми он суҳбати озод ва саволу ҷавоб доир гардид.

06.02.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ